16.03.2023. Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии наврӯз ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақилӣ Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Федератсия Маликшо Неъматзода ба Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сафари корӣ анҷом дод. Дар оғози сафар бо масъулини мудирияти идоракунандаи нерӯгоҳ оид ба рафти сохтмон, шароити кору истироҳати сохтмончиён, масъалаҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи меҳнат дар иншооти сохташаванда ва масъалаҳои шарикӣ бо ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касабаи НБО табодули афкор сурат гирифт.

Меҳмонон бевосита аз қитъаҳои сохтмонӣ дидан карда, бо сохтмончиёни ин иншооти аср сӯҳбатҳо доир карданд. Дар доираи сафарӣ корӣ аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба сохтмончиёни ин боргоҳи нур дастархони идона ороста, барои болидарӯҳии онҳо чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни наврӯзи байналмилалӣ доир намуданд.

Дар назди ҳозирини чорабинии наврӯзӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Мвликшо Неъматзода суханронӣ карда, санъаткорони шинохта Шӯҳрат Сайнаков ва Тобиш Ҳилолӣ бо сурудҳои пурмазмун дар васфи баҳору наврӯз иштирокчиени чорабиниро шод намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад бахше аз кормандони фаъоли нерӯгоҳ бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдрас мегардад, ки Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вобаста ба иҷрои банди дахлдори нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сохтмончиёни НБО “ Роғун” тадбирҳо андешида, аз ҷониби Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он ба кормандони неругоҳи барқи обии “Роғун” ба осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ 300 роҳхат ҷудо намуда, ҳамчунин ҳамасола фарзандони онҳо барои истироҳат ба лагерҳои беруназшаҳрӣ ҷалб мегарданд.
