Дирӯз Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода коршиноси Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш Данило Анищенкоро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин .Барномаи кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Шарикии бахши давлатӣ ва хусусӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва нақши иттифоқҳои касаба дар ин замина мавриди баррасии дуҷониба қарор дода шуд.
Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки амалигардии барномаи мазкур дар самти таҳсилоти касбӣ ба афзудани шумораи ашхоси соҳибтахассус ва то ба андозае таъмин гардидани ккорхонаҳо бо кормандони касбӣ мусоидат менамояд.