Сафари давлатии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон ба рушди устувори ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои афзалиятнок мусоидат менамояд

Сафари давлатии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон ба рушди устувори ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои афзалиятнок мусоидат менамояд

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин дуюмин сафари сатҳи баланди роҳбарияти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бори нахуст Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 сафари расмӣ анҷом додаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи 1992 барқарор шудаанд. Оғози фаъолияти Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 22 сентябри соли 2007 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба 23 марти соли 2008 рост меояд.

Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар заминаи вохӯрию мулоқотҳои сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев ба таври анъанавӣ дар руҳияи эҳтиром ва шарикӣ пайваста рушду тавсеа меёбанд.

Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори густариш ва таҳкими устувору пайгиронаи ҳамкории минтақавию байналмилалӣ буда, ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи башарӣ дар доираи узвият дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба рушду густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 августи соли 2018 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари расмӣ анҷом додаанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.