Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

13.04.2023. Имрӯз дар бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар дар мавзӯи “Мақом ва манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ: ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025»  аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.

            Дар муҳокимаронии масъалаи  марбути ҷаласа Азиззода Ш. Н., – Мушовири  бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шерализода Ш. – муовини  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шоинзода Ҷ. – муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимӣ Ф. – Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каюмов А. – директори Муассисаи давлатии илмии ”Маркази омўзиши пиряхҳо”-и  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва коршиносон иштирок  ва суханронӣ намуданд.  Дар ҷаласа атрофи масъалаи мутааллиқ ба ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 муколамаҳои намояндагони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, коршиносони мустақил ва намояндагони ахбори омма сурат гирифтанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.