24.05.2023. Дар Кохи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон семинар-машварати Ситоди ҷумҳуриявии “Тобистон-2023” бо роҳбарон ва сарварони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони масъули вазорату идора ва ниҳодҳои дахлдор ширкат намуданд. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раиси Ситоди ҷумҳуриявии “Тобистон-2023” Маликшо Неъматзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иброз дошт, ки айни ҳол иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад. Бояд қайд намуд, ки Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид сохта, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон ва аҳли оилаи онҳо хизмат мерасонад.

Имсол чун солҳои қаблӣ омодагӣ ба маъракаи бағоят муҳим – сафарбарнамоии кўдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ҷумҳурӣ дар мавсими тобистони соли 2023 беш аз пеш вусъат меёбад.
Ташкилоти иттифоқҳои касаба вобаста ба иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023” аз 28 марти соли 2023, №126 ҷиҳати истироҳати бофароғати тобистонаи кӯдакон ва наврасон корҳои муайянро амалӣ намуда истодааст.
Федератсияи иттифоқҳои касаба фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт ҳамоҳанг сохта, якҷоя бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор масъалаи бо кадрҳои роҳбарикунандаи омўзгорӣ, аз ҷумла сарварони истироҳатгоҳҳо, кадрҳои омўзгорӣ, мураббиҳо, мутахассисони тиб, ошпазҳо, дастурдеҳони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмин намудани истироҳатгоҳҳоро ҳал намуда, барои муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ намуда истодааст.
Тибқи маълумоти пешакии шўроҳои иттифоқҳои касабаи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ташкилотҳои ҳамузви Федератсия дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ анқариб 52 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ омода гашта, барои қабули кӯдакону наврасон омодагиҳо идома доранд.аз НОМИ ВКП бо ваколатномаи котиби Генералии ВКП амал мекунад; ба Ҳайати Шӯрои ВКП ва Ба Ҳайати Кумитаи ИҶРОИЯИ ВКП дохил мешавад; таджикскийtg омодасозии.
Мувофиқи маълумотҳои дастрасгардида аз ташкилотҳои ҳамузви Федератсия имсол 52 адад лагерҳои берун аз шаҳрӣ ҷиҳати қабули кўдакону наврасонро дар мавсими тобистони соли равон изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла дар ВМКБ-8 адад лагер, дар вилояти Суғд-20 адад лагер, дар вилояти Хатлон- 7 адад лагер, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-17 адад лагер мавҷуд ҳастанд, ки кўдакону наврасонро қабул карда метавонанд. Ҳоло маъракаи омодагии лагерҳо барои қабули кўдакону наврасон идома дорад ва оғози басти якуми лагер на дертар аз 25 июн дар назар дошта шудааст. Дар ҷаласаи ситод мудири шуъбаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Федератсия Юнусов Ҷ.С. оид ба “Ҷараёни корҳои таъмиру сохтмон, таҷҳизонии истироҳатгоҳо ва корҳои ободикунонӣ ва гулшинонӣ дар истироҳатгоҳои беруназшаҳрии тобистонаи кудакону наврасон дар мавсими тобистони 2023” ва намояндагони ниҳодҳои дахлдор оид ба назорати вазъи санитарию гигиенӣ, зидисӯхторӣ, бехатарӣ ва дигар омилҳои барои истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон мусоидаткунанда баромад намуданд.