ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

12 августи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти унвони  “Дирӯз ва имрӯзаи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон” бахшида ба 90-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодрӯзи олими бузург, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ-“Рӯзи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон” конфрони илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нурхон Ҳаётзода, меҳмонон ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи марказии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон,  кормандони Кумитаҳои иттифоқи касабаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, фаъолон ва аъзоёни иттифоқи касабаи соҳаро  бо ҷашни 90-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик  намуда, ба ҳар кадоми онҳо тани сиҳат, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно  намуд. Гуфта шуд, ки Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бонуфузтарин ташкилоти соҳавии иттифоқи касабаи Тоҷикистон буда, зиёда аз сад ҳазор кормандони муассиса, ташкилот, корхонаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳоро, ки бо фаъолияти тиббию солимгардонӣ машғуланд, инчунин, донишҷӯёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи соҳаро муттаҳид менамояд.

Соли ҷорӣ ба ташкилшавии он 90 – сол пур мешавад. Ин ташкилот роҳи тӯлонии таърихиро тай карда, ҳамчун узви ҳаракати ҷудонашавандаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар баррасиву ҳалли масъалаҳои иҷтимоии кормандони соҳа саҳми арзанда дорад.

Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмонҳои байналмилалии иттифоқи касаба, Интернатсионали хизмати ҷамъиятӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустии Аврупо, Кофедератсияи байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ шуда, тавонист худро ҳамчун ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои кормандони соҳа ва татбиқкунандаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон нишон диҳад.

Мақсад ва ҳадафи асосии иттифоқи касабаи соҳа-ин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимою меҳнатии аъзоёни иттифоқи касаба дар масъалаҳои шуғл, муносибатҳои меҳнатӣ, шароит ва пардохти музди меҳнат, ҳифзи саломатӣ ва риояи кафолатҳои иҷтимоӣ мебошад.

Ин ташкилот рисолати худро пеш аз ҳама, дар татбиқи сиёсати инсондӯстона ва халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавҳари онро меҳрубониву  шавқати инсонӣ нисбат ба ҳар як сокини кишвар ва амалисозии ормонҳои миллати куҳанбунёдамон  ташкил медиҳад, мебинад ва дар ин роҳ чун узви ҷомеаи ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол устувор қадам мезанад.

Баъдан раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Маҳмадшоҳ Гулзода, ва дигар меҳмонон бо сухани табрикотӣ баромад намуда, роҳбарият ва кулли аъзоёни Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро ба муносибати солгарди ин сохтор табрик ва шодбош намуданд. Дар охир як қатор фаъолони соҳа бо мукофотҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.