ДУШАНБЕ, 21.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Пекин муҳтарам Ин Юн мулоқот анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои истиқболу меҳмоннавозии самимии анъанавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки муколамаи доимии дӯстона ва боэътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин омили муҳимми таҳкими шарикии стратегӣ маҳсуб ёфта, маҷмӯи санадҳои байнидавлатии зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин имзошуда ба рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин равона гардидааст.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, ки ҷавобгӯи ҳадаф ва принсипҳои шарикии стратегӣ мебошад, таваҷҷуҳи доимӣ дода мешавад.
Дар мулоқот ба густариши ҳамкориҳо дар сатҳи пойтахтҳо аз рӯи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.