ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА

ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА

Аз 25 то 30-уми августи соли ҷорӣ  ҳайати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода,  Ҷамшед Юнусов – мудири шуъбаи иқтисодию иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва   муносибатҳои байналмилалии Федератсия, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони саноати  кимиё, нафт ва дигар соҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Забиров,

раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи  кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тоҷикистон Нуринисо Бобоева, раиси Кумитаи  иттифоқҳои касабаи  Бонки   миллии  Тоҷикистон    Неъматулло Холов, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии кормандони саноат, хоҷагии манзилию  коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Тоҷикисто Умедҷон Раҷабов ҷиҳати табодули таҷриба дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ доштанд.

            Сафари онҳо аз шаҳри Урумчи оғоз гардид. Дар он ҷо ҳайати гуруҳ аз ширкатҳои фармасевтии “Хинянг Уйгур Фармасевтикал” ва “Хинянг Жонгтай” дидан намуд.

 Сипас гуруҳи корӣ ба музофоти Қошғар сафар намуд, ки дар ин ҷо намояндагони қавму миллатҳои гуногун, аз ҷумла дар баробари мардуми уйғур тоҷикон, қирғизҳо, қазоқҳо  зиндагӣ мекунанд.  Нахуст шиносоии онҳо бо ҳаёти мардуми кишвар аз намоишгоҳи марказӣ  таҳти унвони «Муқобилият бар зидди терроризм ва эктремизм дар Синсзян сурат гирифта, ҳамчунин бо фаъолияти чанд ширкати истеҳсолӣ ва ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи онҳо шинос гардиданд,

          Дар музофоти Қашгар вохўриҳо дар корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, бахусус хоҷагии ангурпарварӣ, боғи анҷирпарварӣ, хоҷагии парвариши ҳайвоноти шохдори калон, осорхонаи асбобҳои мусиқӣ ва ғайра. Вохўриҳо дар фазои дўстӣ, самимият ва табодули ақида оид ба фаъолияти иттифоқҳои касаба баргузор гашт.

            Дар доираи сафар ҳамоиш оид ба ҳамкориҳои ташкилотҳои иттифоқҳои  касабаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид. Ҳамоишро директори департамаменти муносибатҳои байналмилалии Федератсияи иттифоқҳои касабаи умумичинӣ Ма Сзин ифтитоҳ  намуд. Муовини раис ва котиби котиботи Федератсияи иттифоқҳои касабаи умумичинӣ Сзян Гуанпин таҳкими густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро хеле муҳим арзёбӣ намуд. Дар баромади хеш вай қайд кард, ки ҳамкориҳо дар се самт, яъне мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналмилалии байни ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи  Тоҷикистону Чин дар доираи созишномаҳои давлатии қабулгардида, афзалияти  густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, бозомузӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои коршиносон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳамкориҳо байни ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи наздисарҳадӣ сурат мегиранд.            

Дар ҷамъомад муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба густариши ҳамкориҳо байни ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи кишварҳои  дусту ҳамсоя гуфта гузашта, миннатдории худро  ба роҳбарияти Иттифоқҳои касабаи Чин дар масъалаи дастгирӣ ва ёрии башардӯстонаи он баён намуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.