15 сентябр дар Кохи иттифоқҳои касабаи кишвар ҷаласаи корӣ ҷиҳати муҳокимаи лоиҳаи “Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026” баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандони масъули Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва роҳбарони кумитаҳои соҳавиии иттифоқҳои касаба иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳоло иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад. Бояд қайд намуд, ки Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид сохта, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии онҳо хизмат мерасонад. Ҳамчунин, Исмоил Файзизода даъват ба амал овард, ки ҳар як роҳбару ҳар як аъзои иттифоқи касаба бояд дар муҳокимаронии ҳамаҷонибаи рукнҳои созишнома фаъолона ширкат варзад, зеро он ба беҳдошти ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон то андозае мусоидати созгоре хоҳад кард.
