ҶАЛАСАИ IV ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАҲРИ ШИМКЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Рӯзи 17 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон тахти раёсати котиби генералии Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ — Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Сатибалди Даулеталин ҷаласаи IV Шӯро барпо гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯро – роҳбарони Федератсияҳои Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Муғулистон, инчунин намояндагони Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират, ҳайатҳои марказҳои миллии иттифоқҳои касабаи панҷ кишвари аъзои шӯро иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи зикргардида ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ширкат варзид.

Дар доираи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро роҳбарии Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ дар соли 2024 ба Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вогузор шуда, мувофиқан 5-умин ҷаласаи Шӯро дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.