Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

ДУШАНБЕ, 08.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду давлат баргузор гардид.

Дидору гуфтугӯҳо аз мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд.

Дар доираи барномаи сафар зимни мулоқоту гуфтушунидҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардиданд, доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Изҳори боварӣ шуд, ки муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангии ду мардуми бародар минбаъд низ барои таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд заминаи мусоид хоҳанд гузошт.

Ҷонибҳо аз фазои созанда ва тамоюли мусбати муносибатҳои ду давлат ва тавсеаи муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ин зимн мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистон ва Эрон барои густариш ва рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун мавриди таъкид қарор гирифт.

Бо назардошти аҳаммият ва нақши муколамаи сиёсии сатҳҳои олӣ ва баланд дар раванди густариши ҳамкории гуногунҷанба аз идомаи пурсамар ва мунтазами он ҷонибдорӣ гардид. Дар баробари ин бештар фаъол гардонидани абзорҳои дуҷониба, иҷрои фарогири санадҳои ҳамкорӣ ва мувофиқаҳои гуногунсатҳ дар ҷодаи дастрасӣ ба ҳадафҳои волои ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони Тоҷикистон ва Эрон шарти муҳим дониста шуд.

Пешвои миллат тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ва фаъолияти босамари гурӯҳҳои дӯстии ин ниҳодҳоро аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди муносибатҳо арзёбӣ намуданд.

Нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва ҷаласаи навбатии он, ки дар назар аст ояндаи наздик дар Душанбе баргузор гардад, дар густариши минбаъдаи равобити миёни ду давлат мавриди тазаккур қарор гирифт.

Ҳамчунин зарурати талошҳои муштарак ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷории ду давлат  то соли 2030  таъкид гардид.

Гузашта аз ин, амалӣ намудани тарҳҳои муҳим дар ҳавзаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузории муштарак ба нафъи ду ҷониб дониста шуд.

Фаъолияти мунтазами Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорон ҳамчун омилҳои муассир дар ин ҷода муаррифӣ гардиданд.

Ҷонибҳо аз баргузории доимии форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молу маҳсулот дар қаламрави ҳамдигар ба сифати заминаи мусоиди ин раванд  ҷонибдорӣ намуданд.

Идомаи ҳамкорӣ дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқи обиву офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҷонибҳо арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо аз татбиқи тарҳҳои нақлиётиву коммуникатсионие, ки ду давлатро бо ҳам ва бо шабакаҳои байналмилалӣ мепайванданд, истиқбол намуда, истифодаи зарфияти транзитии ҳамдигарро барои тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ба нафъи ду давлат донистанд.

Соҳаҳои тандурустӣ ва робитаҳои байни минтақаҳо ҳамчунин аз самтҳои  ояндадор дар муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон эътироф гардиданд.

Бо ишора ба шароити мавҷуда ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, афзоиши парвозҳо байни ду давлат ва содагардонии низоми рафтуомад дар ин замина мусоид унвон гардид.

Ҳамзамон баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар қаламрави ҳамдигар аз омилҳои муҳими рушди ҳамкории фарҳангиву башарӣ арзёбӣ шуд.

Дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи хуби ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби   созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ алоқамандии ҷонибҳо ба идомаи ҳамкории бисёрҷониба изҳор шуд.

Дар ҷараёни музокирот ҳамзамон атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва  дигар мавзуъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ табодули афкор доир шуд. Аз натиҷаи музокирот бастаи нави санадҳои дуҷонибаи  ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид, ки пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро тақвият мебахшанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.