Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони Қатар 8 бахши ояндадорро муаррифӣ намуданд

Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони Қатар 8 бахши ояндадорро муаррифӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 22.01.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз дар шаҳри Давҳа, дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд,  ки дар кори он Президенти мамлакат бахшҳо ва соҳаҳои ояндадори Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Хотирнишон месозем, ки дар мулоқот ҳамчунин Вазири савдо ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сонӣ иштирок  намуданд.

Президенти мамлакат зимни суханронӣ имконият, афзалият ва бартариҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, аз сармоягузорон ва соҳибкорони Давлати Қатар даъват намуданд, ки ба бахшҳои иқтисоду саноат, энергетика, сайёҳӣ таваҷҷуҳ намуда, аз имконияту шароитҳои фароҳамовардашуда васеъ истифода баранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшҳои зеринро ҳамчун соҳаҳои ояндадори мамлакатро муаррифӣ намуданд:

  1. Сарватҳои фаровони табиӣ, бахусус об ва канданиҳои фоиданок.

Маълум аст, ки Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯйи ҳаҷми хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Ҳамчунин дар Тоҷикистон 13 ҳазор пирях ҳамчун манбаи асосии оби нӯшокӣ ва саргаҳи 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ  мавҷуд мебошанд. Бо назардошти ин захираҳо, инчунин бо назардошти он ки дар ояндаи наздик «энергияи сабз» ва «иқтисоди сабз» дар ҷаҳон мавқеи ҳалкунандаро ишғол намуда,  рушди соҳаи гидроэнергетика, яъне сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ ба ҷолибтарин ва муфидтарин бахши сармоягузорӣ ва ё ба ифодаи дигар инвеститсияи мустақим мубаддал мегардад.

  • Маҳсулоти ширкати алюминийи «Талко».

Тоҷикистон ба панҷгонаи истеҳсолкунандагони «алюминийи сабз» дар ҷаҳон шомил шудааст ва маҳсулоти ширкати алюминийи «Талко» дорои «сертификати сабз» мебошад. Истифодаи маҳсулоти алюминийи Тоҷикистон ва захираҳои дар мамлакат  мавҷудаи литий барои истеҳсоли автомошинаҳои барқӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Яъне ду намуди ашёи асосӣ барои истеҳсоли чунин автомошинаҳо дар ҷумҳурии  мо мавҷуд аст.

  • Соҳаҳои саноати сабуку хурокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ.

Айни ҳол дар мамлакат панҷ Минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият  дорад, ки дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ ҷиҳати рушди саноати сабуку хурокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

  • Сарватҳои зеризаминӣ.

Дар Тоҷикистон 800 кони маъданҳои фоиданок,  металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел,   волфрам, ванадий ва дигар маъданҳои нодир кашф ва барои аз худ намудан қисман омода  шудааст. Аз ин шумора,  алҳол дар конҳое, ки  мавриди истифодабарӣ қарор доранд,   зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ  мешавад.

  • Истихроҷи сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, намаки сангӣ.

Захираҳои намаки ошӣ дар Тоҷикистон беш аз 72 миллиард тоннаро ташкил медиҳанд, ки барои зиёда аз 300 сол таъмин намудани талаботи истеъмолии тамоми сокинони сайёра ба ин намуди маҳсулот басанда мебошанд.

  • Бахши кишоварзӣ.

Иқлими мусоид ва захираҳои фаровони об имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон сабзавот ва меваҳои хушсифату хушлаззати аз лиҳози экологӣ тоза парвариш гардида, аз як майдони кишт 3 — 4 ҳосил рӯёнида шавад. Дар баробари ҳамин ҳамкорӣ дар самтҳои чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ, парвариш, коркард ва содироти меваю сабзавот, маҳсулоти техникӣ аз қабили пахта, гиёҳҳои шифобахш низ аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд.

  • Зерсохтори нақлиётӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ.

Аз шаш долони нақлиётии Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (КАРЕК) чор долон тавассути қаламрави Тоҷикистон мегузарад. Истифодаи ҳудуди Тоҷикистон барои боркашонӣ аз Чин ба кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ вақт ва масофаи таҳвилро аз 1200 километр то 2000 километр коҳиш медиҳад. Тоҷикистон аз лиҳози сифати роҳҳои автомобилгард дар ҷаҳон ҷойи 50-умро ишғол менамояд, ки нишондиҳандаи баланд дар минтақа мебошад.

  • Авиатсияи гражданӣ ва сайёҳӣ.

Тоҷикистони кӯҳсор, ки табиати зебо, набототу ҳайвоноти нодир ва осори беназири таърихиву фарҳангӣ дорад, барои рушди ин бахш, бахусус сайёҳати кӯҳнавардӣ, экологӣ ва беҳдоштӣ, ҳамчунин, шикор имкониятҳои зиёдро доро аст. Ҳоло дар Тоҷикистон воридоти молу ашё ва таҷҳизот барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда, ҳамчунин, ширкатҳои навтаъсиси соҳа аз пардохти андоз аз фоида ба муддати  5 сол озод карда шудаанд.

Баҳри рушди бахшҳое, ки Сарвари давлат зимни мулоқот муаррифӣ намуданд, ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷалби сармояи мустақим зарур мебошад. Зимнан, дар Тоҷикистон барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар  шудаанд.

Ба ҳамин тартиб, ширкатҳои қатарӣ метавонанд дар рушду такомули минбаъдаи иқтисоду саноати Тоҷикистон босамар ва фаъолона иштирок намоянд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Leave a Comment

Your email address will not be published.