ИНРО БОЯД ДОНИСТ Мафҳум ва моҳияти  суғуртаи иҷтимоӣ чист?

Мафҳум ва моҳияти суғуртаи иҷтимоӣ дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин маънидод гардидааст:

  1. Суғуртаи иҷтимоии кормандон дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
  2. суғуртаи иҷтимоии давлатӣ;
  3. суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ.
  4. Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба тамоми шахсоне, ки бо шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, бе истисно дахл дорад. Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз ҳисоби ҳиссаҳое, ки корфармо мепардозад, маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.
  5. Кормандон ҳиссаи худро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо тартиб ва андозаи муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозанд.
  6. Суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ тавассути фондҳои ғайридавлатии суғурта, ки аз тарафи ташкилотҳо, коллективҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфтаанд, амалӣ мегарданд.
    Моддаи 360. Намудҳои таъминот аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ
  7. Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ барои кумакпулиҳо (кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, дафн, кумакпулиҳои оилавӣ ва дигар кумакпулиҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд), дар ҳолати бесаробон мондани оила, барои собиқаи кории баъзе гурўҳҳои кормандон, барои табобати санаторӣ – курортӣ ва ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, хўроки парҳезӣ, хизматрасонии тиббӣ мувофиқи саҳми суғурта барои дигар пардохтҳо ҷиҳати тадбирҳои солимгардонию пешгирикунанда, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, харҷ карда мешавад. Харҷи маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба мақсадҳои пешбининакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
  8. Аз фонди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ қарздор будани корфармо, кормандро аз ҳуқуқи таъмини ў аз ҳисоби маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ маҳрум намесозад.

Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ аз ҳисоби маблағи худии корфармо ва ҳиссаҳои ихтиёрии кормандон андозаҳои зиёдтари пардохтҳо, инчунин пардохтҳои иловагии иҷтимоӣ пешбинӣ шуда метавонанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.