Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати мост

Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати мост

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумули ниҳодҳои соҳавии ташкилоти иттифоқҳои касабаи кишвар аст, ки рисолаташ қабл аз ҳама аз ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Лозим ба зикр аст, ки дар ин самт кумита то андозае ба пешравиҳо ноил гаштааст.

Вобаста ба ин суҳбате доир намудем бо раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Наргис  Ҷурахон.

– Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба»,   Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ,  Оинномаи соҳавӣ,  Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустакили Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ба роҳ монда, дар татбиқи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ин васила дар баланд бардоштани обрўву эътибори иттифоқҳои касаба саҳми босазо гузошта истодааст.

Қабл аз ҳама кумита  ҷиҳати амалӣ намудани бандҳои дахлдори Созишномаи  генералӣ  барои солҳои 2021-2023 корҳои муайянеро амалӣ намуд.

– Вазъи омори давравии таҳлилии шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ чӣ гуна аст?

-Тибқи  таҳлилҳои   оморӣ айни ҳол ташкилотҳои зерсохтори Иттифоқи касабаи соҳа иборат аз 1665  ташкилоти ибтидоӣ, 62 кумитаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва 3 кумитаи вилоятӣ мебошад. Шумораи аъзоёни иттифоқи касаба – 50113  нафар, ки аз ин 17772  нафарро  занҳо  ва  22903 нафарро  ҷавонони то 35 сола  ташкил медиҳад.

– Оид ба амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо вобаста ба “Соли 2023 – соли ҳифзи меҳнат”, семинарҳои омӯзишӣ, умуман дигар чорабиниҳо чӣ гуна корҳо амалӣ гардиданд?

Бо қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 6 январи соли 2023 таҳти №11/2 «Соли 2023-соли ҳифзи меҳнат» эълон карда шудааст. Вобаста ба ин  Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-29 апрели соли ҷорӣ дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм»  семинари омўзишӣ оид ба ҳифзи меҳнат  баргузор намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби  кумитаҳои вилоятии  иттифоқҳои касабаи соҳавии ВМКБ, вилояти Хатлон ва Суғд семинарҳои дастурдиҳӣ дар мавзўи риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба”, Кодекси меҳнати  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  “Соли 2023 – соли ҳифзи меҳнат”, муносибатҳои меҳнатӣ, тартиби бастани Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва дигар масъалаҳои мубрами касабавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки мутахассисон, раисони  кумитаҳои  иттифоқи касабаи  соҳаҳо ва сармуҳосибону мудирони шўъбаи кадрҳо баргузор гардиданд.

Инчунин  аз  ҷониби кумитаҳои  шаҳрӣ ва ноҳиявӣ низ  бо шахсони масъули ҳифзи меҳнати ташкилоту муассисаҳо вохўриву суҳбатҳо ва мизҳои мудаввар доир гардида, ҳадафи эълон гардидани “Соли  2023 – соли ҳифзи меҳнат” ва аз рўи нақша-чорабиниҳои  пешбинишуда кор бурда истодаанд.

– Дар ин давра аз ҷониби кумита кадом шартномаю созишномаҳои  соҳавӣ ва минтақавӣ ба тасвиб расидаю амалӣ гашта истодаанд?

– Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи созишномаҳои  соҳавӣ ва минтақавӣ назорат ва иҷрои доимиро ба роҳ монда, ҷараёнӣ омодасозии лоиҳа, баимзорасонӣ ва иҷрои ин санадҳо тибқи моддаҳои 301-305 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 02.07.2008, №307 тасдиқ шудааст, амалӣ мегардад. Лоиҳаи созишномаи  соҳавӣ ва минтақавӣ бо таъсиси  комиссияи  дутарафа ва ё се тарафа коркард ва такмил дода шуда, тарафҳои шарикони иҷтимоӣ дар ҷаласаҳои муштарак оид ба иҷрои уҳдадориҳои дар ин санадҳо  пешбинишуда ҳисобот  медиҳанд.  Илова бар ин иттифоқи касабаи соҳа ҳангоми таҳлили фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҷониби корфармоён таъмини саривақтии музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳоро мунтазам мавриди санҷиш қарор медиҳанд, ки дар ин хусус маълумотномаҳои нозирони ҳуқуқ ва ҳифзи меҳнат мавҷуданд. Қайд намудан  ба маврид аст, ки  то ба ҳолати  20  декабри соли ҷорӣ ҳолатҳои қарздорӣ аз ҳисоби  музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои  иттифоқи касабаи соҳа  ба қайд гирифта  нашудааст. Айни замон  шумораи  бастани Созишномаҳои соҳавӣ  бо шарикони  иҷтимоӣ 31 ададро  ташкил медиҳад.

Теъдоди бастани шартномаҳои коллективӣ бошад  дар ВМКБ – 94%, дар  Суғд – 100%, дар Хатлон – 97,8% дар шаҳри Душанбе – 97% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур – 99 %-ро  ташкил медиҳад.

Бахшида ба 9  май – Рӯзи  ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  барои 27 нафар собиқадорони меҳнат аз Кумитаи ҷумҳуриявии итифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон   5400 (панҷ ҳазору чорсад) сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Кумитаи  иттифоқи касабаи  соҳавӣ дар давраи ҳисоботӣ  бо мақсади дастгирӣ ва расонидани қўмаки молиявӣ  барои  203 нафар ниёзмандон аз ҳисоби маблағҳои  иттифоқи касаба 30350 ( сӣ ҳазору сесаду панҷоҳ) сомонӣ харҷ намудааст.

– Тӯли соли гузашта муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби кумита чӣ гуна ҳаллу фасл шудаанд?

– Дар  ҷамъбасти соли ҷорӣ  шумораи  муроҷиатҳои шаҳрвандоне, ки  аз ҷониби  нозирони ҳуқуқи меҳнати иттифоқи касабаи соҳа қабул  карда шудааст, дар давраи ҳисоботӣ 298 ададро   ташкил   медиҳад, ки    аз ин 83 муроҷиати хаттӣ ва 215 муроҷиати шифоҳи(телефонӣ) пешниҳод   шудааст.  Шумораи   умумии  муроҷиатҳо  дар қиёс  ба ҳамин  давраи ҳисоботии соли 2022-ум 132 адад зиёд мебошад.

Мазмуни муроҷиатҳо вобаста  ба пардохти  музди   меҳнат, имтиёзҳо ҳангоми қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ, риояи бандҳои шартномаи коллективӣ, омода  ва таҳия  намудани   лоиҳаи  ҳуҷҷатҳои  касабавӣ, дастрас   намудани роҳхатҳо ба осоишгоҳҳо, расонидани  кумак  ва ғайра  мебошанд, ки  ҳамаи онҳо  тибқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи   муроҷиатҳои  шахсони  воқеъи  ва  ҳуқуқӣ” ва тартиби  коргузорӣ  ва ҳисобгирии оморӣ  оид  ба   муроҷиатҳои   шахсони   воқеи ва ҳуқуқӣ, ки   бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни  соли  2017, №276  тасдиқ шудааст, ба қайд гирифта шуда, дар  муҳлатҳои  муайян   баррасӣ   гардидаанд.

 – Маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон чӣ гуна хароҷот шудаанд?

– Маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо тибқи  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 №34 “Дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо” ва Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағийроту илова ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 №34” мақсаднок истифода шудааст. Дар  ин давра ҷиҳати фарогирии   аъзоёни  иттифоқи касаба ва аъзои оилаи онҳо ба солимгардонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудошудаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (1,5 %) 1176243 ( як миллиону яксаду ҳафтоду шаш ҳазору дусаду чилу се) сомонӣ  барои харидории  655  дона роҳхат сарф шудааст.  

– Назорати ҷамъиятӣ ҷиҳати коҳиш додани қарздории музди меҳнат дар  соҳа ва пардохти саривақтии музди меҳнат чӣ гуна аст?

Бинобар  сабаби  он ки  шумораи   назарраси аъзоёни   иттифоқи касабаи соҳаро  кормандони   муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои  бонкӣ ташкил  медиҳад, то ба   ҳолати 20 декабри   соли 2023  қарздории   музди  меҳнат ба қайд гирифта  нашудааст. Илова   бар  ин   дар  созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои  коллективии ҳамаи ташкилоту  муассисаҳои иттифоқи касабаи соҳа сарфи назар аз шакли моликияташон  қонунгузории меҳнат дар бораи   пешгирии  қарздорӣ  аз  музди  меҳнат инчунин  чораҳои  пардохти  саривақтӣ ва пурраи    музди меҳнат пешбинӣ  гардидааст.

Кумитаи иттифоқи касабаи соҳа интизоми молиявиро дар самти истифодаи самаранок ва сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ  таъмин намуда, баҳри таъмини шафофияти молиявӣ комиссияи назоратӣ-тафтишотӣ таъсис додааст, ки оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети иттифоқи касаба назорати доимӣ мебарад ва ҳисоботдиҳанда аст.

– Барои суҳбат ташаккур.

                                                   Мусоҳиб  Бахтиёр Назурдинов,

Маркази матбуоти ФИКМТ.

Leave a Comment

Your email address will not be published.