Category Archive for : ‘Ахбор’

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои навбунёди Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои навбунёди Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд. Қасри фарҳанг дар масоҳати 5 садяк замин бунёд шуда, майдони сохтмони зери бино 1 ҳазору 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан шинос шуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан шинос шуданд. Намоишгоҳи сокинон, ҳунармандони шаҳри Истаравшан дар ду растаи алоҳида ва 20 […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ «Нур-пак»-ро ба кор дароварданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ «Нур-пак»-ро ба кор дароварданд

ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нур-пак»-ро ба кор дароварданд. Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати […]

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд

ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд. Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ғамхории […]

Ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

09.04.2024. Имрўз дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи Шўрои генералии Федератсия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шўрои генералии Федератсия, ҳамчунин кормандони масъули дастгоҳи марказии Федератсия иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: 1. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои соли […]

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар амал

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар амал

Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тибқи нақшаи кори Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими Федератсия чорабинӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандони дастгоҳи марказии Федератсия ва  кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқҳои касаба иштирок намуданд. Раиси Федератсияи иттифоқҳои […]

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» иштирок намуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи «Кохи Борбад» барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом — муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов иштирок […]

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 04.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон ташриф овард

Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон ташриф овард

ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд. Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди […]