15 Ноябрь, 2019

Боздид ва расонидани ёрии амалӣ ба ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба.

Тибқи нақша чорабинихои шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон, бо мақсади омузиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, вобаста ба таъмини иҷрои талаботи Оинномаи Кумитаи соҳавӣ, ҳамзамон қарорҳои Шурои Генералии ФИКМТ ва қарорҳои Раёсати Кумита  аз 8 то 22 августи соли 2019, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи мазкур ба ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи корхонаҳои соҳавии дар шаҳри Душанбе фаъолият дошта, аз ҷумла кумитаҳои иттифоқи касабаи ҶСК «Гулистон», ҶДММ «Макколӣ»,ҶДММ «Матин Чарм», ҶДММ « Чарм», ҶДММ «Ёқут-2000»,ҶДММ Иттиҳодияи Истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик»,ҶДММ «Интиқол», ҶДММ «Империя», Литсейи касабии  дузандагӣ, ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи ҶДММ «Тоҷикмебел», ҶДММ «Армуѓон», инчунин корхонаҳои соҳавии КВД «Гулдастон» ва ҶДММ «Стелло» боздид ба амал овард.

            Ҳангоми боздид ва омузиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар корхонаҳои саноатии соҳавӣ, сўҳбати ошкоро ва судмандона бо роҳбарони онҳо оиди татбиқ ва мавриди амал қарор додани талаботҳои Созишномаи Генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ФИКМТ ва Иттиҳодияи ҷумҳуриявии корфармоён барои солҳои 2018-2020, баргузор гардид, ки он дар оянда баҳри тақвият бахшидани шарикии иҷтимоӣ, баланд бардоштани обрую нуфуз ва мавқеи ташкилотҳои иттифоқи касаба дар раванди мустаҳкам кардани муттаҳидӣ ва ягонагии ҳаракати иттифоқҳои касаба ва таъмини ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии меҳнаткашон мусоидат хоҳад кард.

            Инчунин дар баробари омузиши фаъолияти ташклотҳои иттифоқи касаба, бо иштироки васеи кормандон, аъзоёни раёсатҳо ва фаъолони иттифоқҳои касаба мақолаи Раиси ФИКМТ муҳтарам Қодири Қосим, ки дар рузномаи «Ҳамраъйи» № 8(43) зери  унвони « Оқибатҳои манфии шуѓли ѓайрирасмӣ” ба нашр расонида шудааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд, ки иштирокчиёни онҳо оид аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлубро, ки  ба соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маънавиёти ҷомеа таъсири ниҳоят манфӣ расониданаш аз эҳтимол дур нест ибрози ақида ва ҷонибдории хешро изҳор намуданд.

            Иштирокчиёни вохуриҳо таклиф ба миён гузоштанд, ки мақолаи Раиси ФИКМТ дар ҳамаи ташкилотҳои иттифоқи касаба ва корхонаю муассисаҳо новобаста аз шакли хоҷагидорӣ бо иштироки кормандони ВАО, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, семинару машваратҳо гузаронида шуда, ҷиҳати сол аз сол кам кардану аз байн бурдани шуѓли ѓайрирасмии шаҳрвандон унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу дархостҳои мушаххас пешниҳод карда шавад.  

            Бо мақсади ба сатҳи нав бардоштани фаъолияти минбаъдаи такшилотҳои иттифоқи касабаи соҳа, ба ҳамаи онҳо шакли электронии ҳуҷҷатҳои лозимӣ вобаста ба корбарию коргузории онҳо, ки аз ҷониби шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумита омода карда шудааст, ба ҳайси расонидани ёрии методию амалӣ аз қабили ( тартиби пешбарии маҷлисҳо, тарзи пур кардани протоколи маҷлисҳои иттифоқи касаба, намунаи нақшаи корӣ, низомномаи ташкилотҳои иттифоқи касаба, намунаи шартномаҳои меҳнатӣ ва коллективӣ, намунаи пешниҳоди маълумотномаҳо оиди фаъолияти ташкилотҳои иттифоқи касаба, номгуи ҳуҷҷатҳои лозимӣ оиди корбарию коргузорӣ, номгуи ҳуҷҷатҳои лозимӣ оиди таъсис додан ва бақайдгирии ташкилотҳои иттифоқи касаба, дастрас карда шуд.

            Бо дарназардошти он ки имсол ваколати мақомоти иттифоқи касабаи соҳа ба итмом мерасад, дар рафти вохўриҳои баргузоргардида ба мувофиқа омада шуд, ки ҳангоми баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ ­ интихоботӣ, ҳайати роҳбарикунандаи ташкилотҳои иттифоқи касаба комилан иваз карда шуда, ҷиҳати пешравии фаъолият ва баланд бардоштани обрую нуфуз ва мавқеи онҳо дар раванди ҳимояи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии меҳнаткашон барои ҳафт соли оянда чораҳои зарурӣ андешда шавад.