14 Ноябрь, 2019

Кумитаи ҷумхуриявии иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Тоҷикистон

Ҳадаф ва фаъолияти мо амалианд. Ҳифз намудани ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кормандони соҳа мароми мост!

Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи касабаи кормандони  хоҷагии  манзилию  коммуналӣ, газ  ва хизматрасониҳои маишии Тоҷикистон,   соли 1926-ум таъсис дода шуда, то инҷониб  фаъолият намуда,  як қисми фаъоли ҳамузви  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили  Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳа,  дар ҳаракати итифоқи касаба тақвият бахшида истодааст.

 

Дар сохтори иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ  ва хизматрасониҳои маишӣ,  тибқи  ҳисоботҳои оморӣ,  ба 1 январи соли 2019-ум,  42172   нафар   аъзоёни иттифоқи касаба ба кайд гирифта шуда,  аз  382 ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба,  2  кумитаи вилояти : Суғд, Хатлон, ВМКБ  ва як намояндагӣ дар минтақаи  Рашт, иборат ва  мутаҳид буда, кору фаъолият менамояд.

 

Самтҳои асосии  фаъолияти Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи касабаи соҳа бештар ба татбиқи бахшҳои ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ, ки манфиатҳои  кормандонро  дар бар мегирад,  яъне  сари вақт пардохти мўзди меҳнати арзандаи  кормандон, ҷорӣ намудани шариқии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ,  шароитҳои бехатарии кор, ташкили истироҳати  кормандон  ва аъзои оилаи онҳоро муайян мекунад.  Аъзои комилҳуқуқи Ташкилоти байналмиллалии иттифоқи касаба (МОП) мебошад. Байни Кумитаи Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи касабаи кормандони  хоҷагии  манзилию  коммуналӣ, газ  ва хизматрасониҳои маишии Тоҷикистон  ва Кумитаҳои иттифоки касабаи соҳавии Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Руссия мемориандиум баста шудааст. Дар кори семинару тренингҳо, мизҳои мудаввари Ташкилоти байналмиллалии мехнат (МОТ) фаъолона иштирок менамояд. Бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шарики иҷтимоӣ  равобити хуб дорад.

 

 

Муродзода Раҷабалӣ  – Раиси Кумитаи ҷумхуриявии иттифоқи касабаи кормандони  хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Тоҷикистон.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ — 20

Почтаи электронӣ: Murodovr@mail.ru

Рақамҳои боварӣ: 227 – 4354, 221 – 1589.