14 Ноябрь, 2019

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон  дар соли 1993 таъсис дода шудааст. Мақсади таъсисёбии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ҳифз намудани манфиатҳои қонунии меҳнатӣ иҷтимоӣ ва иқтисодии кормандон мебошад.

Сохтори  Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон аз Шӯрои иттифоқҳои шаҳри Кӯлоб, Кумитаи иттифоқи касабаи нерӯгоҳи обӣ барқии Сангтуда-1 ва кумитаҳои вилоятии  иттифоқњои касабаи кормандони маориф ва илм, кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони муассисаҳои давлатӣ бонкӣ ва ҷамъиятӣ, кормандони фарҳанг иттилоот варзиш ва сайёҳӣ, кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ, кормандони саноати сабук  ва бофандагӣ, кормандони хоҷагии коммуналӣ ва газии вилоят, кормандони воситаҳои ахбори омма, кормандони нақлиёт ва хољагии роҳҳо, кормандони матлубот савдо ва корхонаҳои хусусӣ, кормандони соњаи кимиё, нафт ва саноати мањаллӣ иборат мебошад.

Самтҳои фаъолият; Назорати иҷрои ӯҳдадориҳо тибқи созишномаю шартномаҳои коллективӣ. Таъсиси ташкилотҳои ибтидои ииттифоқи касаба дар корхонаҳои ғайридавлатӣ. Ба талаботи қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ гардонидани коргузорию ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба.

Шумораи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба 3469 адад мебошад. Шумораи аъзоёни иттифоқи касаба 274841 нафарро ташкил медиҳад.

 Шарикони иҷтимоӣ: Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии вилояти Хатлон ва Иттиҳодияи корфармоёни вилоят мебошад.

Дастовардҳои асосии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят дар ташкили ташкилотњои ибтидоӣ ва зиёд шудани аъзоёни иттифоқҳои касаба, таъсис додани моҳномаи “Иттифоқ”. Ташкили сомонаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят мебошад.

Дар айни замон раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиқ Шариф мебошад.

Суроғаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ш. Бохтар хиёбони Ваҳдат 29а,

Email: sik-katlon.tj , Тел: 2-40-86, 2-28-63, 251.44, 249,76