15 Декабрь, 2019

Мулоқоти Раиси вилоят бо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Рӯзи 23 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудратулло Рафиқовро ба ҳузур пазируфт.

Бояд таъкид кард, ки Қудратулло Рафиқов ва гуруҳи калони меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ҷиҳати иштирок дар семинари минтақавии «Стандартҳои байналхалқии меҳнат дар таҳкими қобилияти муқовиматпазирии ҷомеа ба буҳронҳо ва татбиқи ҳадафҳои меҳнати арзанда» ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаи дӯстонаи кишварҳо дар ҳамаи арсаҳо тақвият ёфта истодааст.

Ҷонибҳо зимни суҳбат таъкид карданд, ки маҳз бо талоши сарони кишварҳо дар таърихи муносибатҳои мардумони тоҷику ӯзбек саҳифаи нав боз гардид ва ба марҳилаи нави ҳамкориҳои дӯстона асос гузошта шуд. Иштироки бевоситаи намояндагони ҳар ду тараф дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии ҳамдигар худ гувоҳи он аст, ки ҷонибҳо хостори густариши ҳамкориҳо мебошанд.

Ёдовар бояд шуд, ки Қудратулло Рафиқовро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ва мудири бахши Аврупоӣ — Осиёи Марказии ташкилоти байналхалқии меҳнат (МОТ) Сергеюс Гловатскас ҳамроҳӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғ