15 Декабрь, 2019

Баромади раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – Қодири Қосим оид ба ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи соли 2019 ва вазифаҳо барои оянда.

Баромади  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим дар Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар  нуҳмоҳаи  соли 2019 ва вазифаҳо барои оянда.

Муҳтарам  аъзои   Шўрои генералӣ,                                

         Ҳозирини гиромӣ!

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотњои њамузви он фаъолиятро аз рўи наќшаи корї ва татбиќи њадафњои Оинномавї ба роњ монданд.

Бо маќсади  Наќшаи  љорабинињои дахлдор   тањия ва бо ќарори Шўрои Генералї тасдиќ  шуда,  иљроиши  онњо давра ба давра амалї шуда истодааст. Ин раванд бевосита зери тавваљуњи бевоситаи роњбарияти Федератсия ќарор дорад.

Тибќи маълумотњои оморї ба њолати 1 августи соли 2019 музди миёнаи мењнат 1 351,41 сомониро ташкил дода, нисбат ба њамин давраи соли гузашта 136,81 сомонї ва ё 11,2 фоиз зиёд шудааст.

Музди миёнаи мењнати кормандони кироя дар минтаќањои љумњурї ба њолати 1 августи соли 2019 ВМКБ – 1200,70 сомонї, вилоятњои Суѓд – 1197,86 сомонї, Хатлон – 1038,11 сомонї, шањри Душанбе – 2025,73 сомонї ва НТЉ – 1131,8 сомониро ташкил медињад.

Мутаносибии музди миёнаи мењнат нисбат ба њамин давраи соли гузашта дар ВМКБ – 194,50 сомонї ва ё 19,3 фоиз, вилояти Суѓд – 125,08 сомонї ва ё 11,7 фоиз, вилояти Хатлон – 136,3 сомонї ва ё 15,1 фоиз, шањри Душанбе – 142,93 сомонї ва ё 7,6 фоиз ва НТЉ – 126,89 сомонї ва ё 12,6 фоиз зиёд шудааст.

Ба њолати 1 августи соли 2019 дар соњањои бахши воќеї музди миёнаи мењнати аз њама зиёд дар истихрољи канданињои фойданок 2585,93 сомонї, сохтмон 2359,12 сомонї ва  нерўи барќ, газ ва таъминоти об 2053,43 сомонї буда, сатњи пасттарини он дар  соњаи кишоварзї, шикор ва љангалпарварї 542,5 сомонї ба ќайд гирифта шудаанд.

Зиёдшавии музди миёнаи мењнат дар соњањои воќеї нисбат ба њамин давраи соли гузашта дар истихрољи канданињои фойданок 9,9 фоиз, сохтмон 5,4 фоиз, нерўи барќ, газ ва таъминоти об 18,5 фоиз ва кишоварзї 10,0 фоиз ба ќайд гирифта шудааст.

Дар соњањои бахши хизматрасонї музди мнёаи мењнати баланд дар ташкилоту маќомотњои хориљї дар њудуди љумњурї 7906,9 сомонї, фаъолияти молиявї 3203,45 сомонї, наќлиёту алоќа 1921,12 сомонї ташкил дода, музди миёнаи номиналии пасттарин дар соњаи тандурустї, ва њифзи иљтимої 889,56 сомонї, маориф 1127,46 сомонї ва маќомоти давлатї ва мудофиа 1103,07 сомонї   мебошад.

 

Зиёдшавии музди миёнаи мењнат дар соњањои бахши хизматрасонї ташкилоту маќомотњои хориљї дар њудуди љумњурї 10,4 фоиз, фаъолияти молиявї 4,2 фоиз, дар соњањои тандурустї, ва њифзи иљтимої 13,2 фоиз, маориф 18,0 фоиз ва маќомоти давлатї ва мудофиа 9,6 фоизро ташкил медињад.

Яке аз масъалањои  њалталаб ин  сари ваќт пардохт  гардидани музди мењнати кормандони соњањои гуногуни иќтисодиёт мебошад.

Мутаасифона, новобаста аз кўшишњо ва чорањои андешидашудаи вазорат, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии вилоятњо, шањру ноњияњои љумњурї, шарикони иљтим ва дигар маќомоти давлатї  ќарздорї аз пардохти музди мењнат   боќї мондааст.

Ба њолати 1 августи соли 2019 маблаѓи ќарздорї аз пардохти музди мењнат (бо назардошти ќарзњои пешин) дар миќёси љумњурї 46 млн. 184,9 њазор сомониро ташкил медињад ва нисбати њамин давраи соли гузашта ба андозаи 22 млн. 529,8 њазор сомонї  ё 95,2 фоиз зиёд гардидааст.

Ќарздорї аз пардохти музди мењнат дар ВМКБ 449,2 њазор сомонї, вилоятњои Хатлон 6 млн. 117,7 њазор сомонї,  Суѓд 14 млн. 379,3 њазор сомонї, шањру ноњияњои тобеи љумњурї 14 млн. 409,5 њазор сомонї ва дар шањри Душанбе 10 млн. 829,3 њазор сомонї мебошад.

Зиёдшавии ќарздории музди мењнат нисбат ба њамин давраи соли гузашта дар шањри Душанбе 10 млн. 183,4 њазор сомонї,  дар вилояти Суѓд 4 млн. 313,0 њазор сомонї, вилояти Хатлон 315,8 њазор сомонї ва НТЉ 7 млн. 880,5 њазор сомонї ба назар мерасад.

Ќоњиш ёфтани ќарздории музди мењнат дар ВМКБ – 162,8 њазор сомонї ба ќайд гирифта шудааст.

Ќарзи аз њама зиёди музди мењнат дар соњањои иќтисодиёти љумњурї дар истихрољи канданињои фоиданок — 13 млн. 370,9 њазор сомонї, наќлиёт ва хољагии анбор 10 млн. 942,2 њазор сомонї, сохтмон 9 млн. 489,6 њазор сомонї, саноати коркард – 5 млн. 269,8 њазор сомонї, ва кишоварзї  3 млн. 90,1 њазор сомонї боќї монда, он мутаносибан  ба 29,0 фоиз, 23,6 фоиз, 20,5 фоиз, 11,4 фоиз  ва 6,6 фоизи ќарзи умумї баробар мебошад.

Ќарздорї дар соњањои буљетї ба соњаи тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї 682,6 њазор сомонї ва дар соњаи маќомоти давлатї ва мудофиа 20,8 њазор сомонї ба ќайд гирифта шудааст.

Ќарздории музди мењнат дар соњаи тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї нисбат ба њамин давраи соли гузашта 674,7 њазор сомонї афзоиш ёфтааст.

Тибќи маълумоти оморї дар соњаи маориф ба њолати 1 августи соли 2019 ќаздорї аз пардохти музди мењнат вуљуд надорад.

Тањлилњо нишон медињанд, ки сабабу омилњои пайдоиш ва  мављудияти ќарздорї аз музди мењнат дар соњањои иќтисоди љумњурї гуногунанд, аз тарафи фармоишгарон пардохт накардани маблаѓи корњои иљрошуда, љамъоварї нагардидани андозњои мањаллї, ба фурўш  нарафтани мањсулот, сари ваќт маблаѓгузорї нашудан аз тарафи  сармоягузорон, напардохтани маблаѓи хизматрасонињо аз тарафи истифодабарандагон, љамъоварї нашудани њаќќи хизматрасонињо аз ањолї, ќарзњои меросї ва таљдиди корхонањо, ѓайримаќсаднок истифода намудани маблаѓњои музди мењнат, иљро нагардидани наќшаи буљети мањаллї ва ѓайра мебошанд.

Мутобиќи маълумоти манзурнамудаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї ба њолати  1 августи соли 2019 дар љумњурї 85325 адад корхона новобаста аз шакли моликият арзи вуљуд дошта, аз ин шумора 31295 ададаш дар давраи њисоботї фаъол буда, теъдоди 19694 корхона бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд, ки 66,4% -ро ташкил дод.

Аз он љумла, дар ВМКБ теъдоди умумии корхонањо 1551 ададро ташкил намуда, аз ин шумора 1195 ададаш њуќуќи бастани шартномаро доранд, аз ин љумла 1155 (96,7 %) ташкилоту муассисањо бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд.

Дар вилояти Хатлон шумораи умумии корхонањо 52916 ададро ташкил менамояд, ки 9440 ададаш њуќуќи бастани шартномаро доранд ва 4668 (49,4 %) адад корхона бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд.

Дар вилояти Суѓд бошад, 9742 корхона ва муассисањо мављуд буда, 4111 ададаш њуќуќи бастани шартномаро доранд ва аз ин шумора 3840 (93,4%) бо созишномаву ва шартномањои коллективї фаро гирифта шудаанд.

Дар ноњияњои тобеи љумњурї шумораи умумии корхонањо ба 13451 то расидааст, 3029 корхонаи њуќуќи бастани шартнома дошта дар 2432 (80,3 %) корхона созишнома ва шартномаи коллективї ба тасвиб расонида шудаанд.

Дар шањри Душанбе бошад, 7665 адад корхона, новобаста аз шакли моликият арзу вуљуд доранд, ки аз онњо 1919 ададаш њуќуќи бастани шартнома дошта, бо созишномаю ва шартнома фаро гирифтани корхонаю муассисањо ба 985 (51,3%) расидааст.

Бо маќсади иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 марти соли 2018, № 77 «Дар бораи маъќул донистани Созишномаи генералии байни Њукумати Љумњурии Тољикистон, Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва Иттињодияи корфармоёни Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2020» ва дастури Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 октябри соли 2018, № 48304 (25-2) аз тарафи гурўњи корї дар њайати намояндагони Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон дар  шањрњои Хуљанд, Исфара, Бўстон ва ноњияи Бобољон Ѓафурови вилояти Суѓд,  дар шањрњои Бохтар, Левакант, Норак ва ноњияи Ёвони вилояти Хатлон, шањрњои Турсунзода, Њисор ва ноњияњои Шањринаву Рўдакї тањлили вазъи бастани шартномањои коллективї бо ташкилоти иттифоќи касаба гузаронида шуд. Тањлил оид ба вазъи бастани шартномањои коллективї дар фаъолияти шуъбањои Агентии мењнат ва шуѓли ањолии шањру ноњияи болозикр мавриди омўзиш ќарор гирифт.

Бояд зикр намуд, ки аз љониби Агентии мењнат ва шуѓли ањолии  шањру ноњияњои болозикр бо љалби намояндагони корфармоён ва кормандон семинар ва корњои фањмондадењї оид ба мазмун, тартиби тањия ва бастани шартномањои коллективї гузаронида шаванд њам, ба ин нигоњ накарда, мутаассифона дар фаъолияти самти шарикии иљтимої чунин камбудињои љой доранд:

— шартномањои коллективї мазмуну муњтавои якхела доранд;

— аксарияти шартномањои коллективї ба талаботи Дастурамали тартиби сабтиномкунии маълумотии созишномањои соњавї (тарифї), минтаќавї ва шартномањои коллективї, ки бо Фармоиши якљояи Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон аз 10 августи соли 2010, №№ 82, 48 тасдиќ гардидааст, љавобгў нестанд;

—   шартномањои коллективии баќайдгирифташудаи алоњида дар асоси Кодекси мењнатї Љумњурии Тољикистон аз соли 1997 ва Ќонунњои Љумхурии Тољикистон «Дар бораи њифзи мењнат», «Дар бораи шарикии иљтимої, созишномањо ва шартномањои коллективї», «Дар бораи иттифоќи касаба, њуќуќ ва кафолати фаъолияти онњо», ки аз эътибор соќит шуданд, тањия гардидаанд.

Њамзамон, гурўњи корї дар аксари ташкилоту корхонањои вилояти Суѓду Хатлон ва шањру ноњияињои тобеи љумњурї вохўрињо   гузаронида, оид ба њифзи њуќуќу манфиатњои   кормандон, бехатари ва њифзи мењнат, таъмини афзоиши даромадҳои меҳнаткашон дар заминаи рушди устувори иќтисодї, инкишофи танзими коллективонаю шартномавии муносибатњои иљтимоию мењнатї ва назорати рафти иљрои онњо тавсияњо дода шуд.

Инчунин, аз љониби гурўњи кории мазкур ба ташкилотњои мавриди тањлил ќарордошта ёрии методї расонида шуд, яъне  ба онњо нусхаи электронии санадњои меъёрии њуќуќї: Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав (соли 2016), Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттифоќњои касаба», ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон   «Дар бораи маъќул донистани Созишномаи генералии байни Њукумати Љумњурии Тољикистон, Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва Иттињодияи корфармоёни Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2020 пешнињод карда шуд.

Масъалаи рушди устувори шарикии иљтимої, ба имзо расонии созишномањои соњавї, шартномањои коллетивї ва ќарордодњои мењнатї дар корхона, ташкилот, муассиса ва субъектњои хољагидор дар вилояти Суѓд 23 апрели соли 2019 дар маљлиси   Комиссияи њамоњангсзии мусоидат ба шуѓли ањолии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор дода шуд.

 

 

Њамкорони азиз,

Мо дар љамъбасти семоњаи якум  оиди пешравию дастовардњое, ки тайи давраи сипаришуда аз љониби иттифоќи касаба анљом дода шуда буданд  ёдовар шудем.

Дар давраи њисоботї моро лозим аст, ки оиди  масъалањо ва вазифагузорињое, ки барои минбаъда дар назди њаракатњои иттифоќи касаба  гузошта  шудааст, тамоми таљриба, ки ба густариши њаркати иттифоќњои касаба,  баќайдгирї ва шомил намудан ба аъзогии иттифоќи касаба, њифз ва њимояи кормандон, сањм гузоштан дар   пешравии иќтисодиёту истењсолот, рушди дењот, сайёњи ва њунарњои мардумї, иљрои њадафњои стратегї, болоравии сатњи зиндагї  ва вазъи иљтимої донишу малакаамонро сарф намоем.

Раёсату Шуъбањои  Федератсия ва  ташкилоти њамузв  оиди фаъолияти соњавии худ дар давраи њисоботї ахборотњоро манзур намудаанд.

Омўзиши маълумотњои пешнињодшуда дар давраи њисоботї  нишон доданд, ки њамаи Федратсия ва ташкилотњои њамузв  дар баргуузор намудани  чорабинињои  фархангї, оммавию солдимгардонї, маъаракањои њисоботї интихоботии иттифоқҳои касаба, расонидани кумакњо ба ниёзмандон ва њавасмандгардонии фаъолони иттифоқҳои касаба, ширкат дар семинарњои дохили ва хориљи кишвар, баргузор намудани курсњои  омузишї бо намояндагони иттифоќњои касаба, дар чорабинињои сиёсї, фарњангї, варзишии сатњи ноњия, шањр ва љумњурї  иштироки фаъолона доштаанд.

Аз ин хотир лозим донистем, ки  оид ба  корњои ба анљом расонидаи њар як ташкилоти њамузв  истода нагузашта, оид ба рафти масъалањо ва  вазифањои дар оянда барои самти њаракати иттифоќњои касаба мусоидаткунанда таваљљуњ ва ибрози андеша намоем.

Муњтарам њозирин,

Мусаллам аст,  ки  њадафњои аслии  иттифоқҳои касаба  аз таъмини мењнати  арзанда,  сари  ваќт ва пурра  пардохт намудани музди мењнат, мусоидат дар таъмин бо љойи кори муносиб, њифз ва њимояи комили њуќуќњои  кормандон,   алалхусус  аъзоёни  иттифоќњои касаба мебошад.

Бо маќсади амалигардонидаини  њадафњои дар болозикрёфта Созишномањои генералї, соњавї,  минтаќавї,  шартномањои  коллективї,  Барномањо,  аз љумла Барномаи мењнати  арзанда, ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии тањия карда шудаанд.   Аммо  дар кадом сатњ ва чи гунна амалї гаштани иќдомњо ва ќарорњои ќабулшуда аз  донишу таљриба, касбият ва ќобилияти ташкилотчигии  њар яки мо вобастагии зиёд дорад.

         Дар самти шарикии иљтимої

Яке аз самтњои асосии фаъолияти иттифоқҳои касаба дуруст ташкил ва ба роњ мондани шарикии иљтимої байни иттифоқҳои касабаи њамаи соњањо бо  корфармоён ва маќомоти ваклатдори давлатї, алалхусус маќомотњои иљрояи њокимияти давлатии шањру ноњияњо  мебошад.

Шарикии иљтимої аз Кодекси мењнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи Генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттињодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солњои 2018 – 2020  сарчашма мегирад.

Њозирини гиромї,

Дар нимсолаи якуми соли љорї  вазъи санадњои шарикии иљтимої, махсусан шартномањои  коллективї  интихобан дар баъзе аз шањру навоњии Турсунзода, Шањринав, Њисор, Рудакї, Вањдат, Файзобод, Роѓун  њамзамон риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди бастани онњо ва назорати рафти иљрои шартњои шартномаи коллективї аз љониби гуруњи кории Федератсия бо ширкати якљояи ташкилотњои њамузв ва намояндагони Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   мавриди омўзиш ва тањлил ќарор дода шуданд.

Мутобиќи маълумоти манзурнамудаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолї ба њолати якуми июни соли 2019 дар љумњурї 91 144 адад корхона новобаста аз шакли моликият арзи вуљуд дошта, аз ин шумора 20 369 ададаш њуќуќи бастани шартномаро доранд, теъдоди 13 377 корхона бо шартномаи коллективї фаро гирифта шудаанд, ки 65,7% -ро ташкил медињад.

Дар ин даврва Шумораи умумии аъзои иттифоќи касаба – 821 884 нафар;

Шумораи ташкилотњои ибтидоии иттифоќи касаба – 20 467;

Кормандони озоди иттифоќи касаба  — 651 нафарро ташкил додааст.

Гарчанде шумораи ташкилотњои ибтидоии иттифоќњои касаба ру ба афзоиш нињода бошад њам, баръакси њол шумораи аъзоён тибќи омори аз ташкилотњои њамузв дастрасгардида нисбат ба њамин давраи њисоботї  кам гардидааст.

     Диќќати Шуморо ба нишондињандањои зерин љалб менамоям: Аз руи омори Вазорати мењнат  20 369  ташкилоту корхонае, ки њуќуќи бастани шартнномаи коллективиро доранд.                  

  Шумораи ташкилотњои  ибтидоии иттифоќи касаба тибќи омори иттифоќи касаба  – 20 467 мебошад.

Фарогирї ба шартномањои коллективї 65,7% -ро ташкил медињад.

Модоме, ки шумораи ташкилотњои ибтидоии иттифоќи касаба аз шумораи  ташкилотњое, ки њуќуќи бастани шартномаи коллективиро доранд зиёд аст, пас чї гуна фарогирї 65,7%-ро ташкил медодааст ?

Яъне њануз њам оморњои мо даќиќ нестанд ва баъзе аз роњбарони ташкилотњои њамузв барои пешнињоди маълумотњои оморї  ба сањлангкорї роњ медињанд.

Тањлили фаъолияти вазъи шарикии иљтимої ва њаракати иттифоќњои касаба дар   вилоятњои Суѓду Хатлон гузаронида шуда буд. Умедворем, ки дар ин самт Шўроњои вилоятї корњои зиёде анљом доданд ва дар музокира аз вазъи имрўза дар ин самт гузориш манзур менамоянд.

Тањлили Гуруњи кории Федератсия ва Кумитањои њамузв  дар ин самт нишон дод.

Аз љумла;

Тибқи маълумотҳои Раёсати Агентии омори шаҳри Турсунзода дар ҳудуди шаҳр 383 адад корхонаҳо ба қайд гирифта шуда, фаъолият мекунанд.

Дар қайди Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода  264 адад шартномаҳои коллективӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин тањлил бармеояд, ки дар 30 фисади корхонањои мављуда иттифоқҳои касаба ташкил карда нашудаанд ва дар онњо шартномањои коллективї низ баста нашудааст.

Дар њудуди шањри Турсунзода  бо сабабњои  аксари хољагињои дењќонї аз 3 нафар камтар аъзо ташкил додан дар 89,3 фисади хољагињои дењконї шартномаи коллективї баста нашудааст.

Дар асоси  маълумотҳои Шуъбаи омори ноҳияи Шаҳринав дар ҳудудӣ ноҳия ҳамагӣ 245 адад корхонаву ташкилотҳо фаъолият мекунанд.

Дар Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноњияи Шаҳринав  97 адад шартномаҳои коллективӣ ба қайд гирифта шудааст аз ин бармеояд, ки чунин теъдоди ташкилотҳои иттифоқи касаба мавҷуданд.

Мавриди ќиёс маълум гардид, ки дар 39,6 фисади корхонаҳои ноҳия шартномаи коллективӣ баста шудааст ва мутаносибан дар онҳо иттифоқи касаба низ ташкил карда шудааст. Дар боқӣ дар 59, 4 фисади корхонаҳо иттифоқи касаба ташкил карда нашудаанд ва дар онҳо шартномаи коллективӣ баста нашудааст.

Дар асоси  маълумотҳои пешнињоднамудаи Агентии омори шаҳри Ҳисор ҳамагӣ  711 адад корхонаву ташкилотҳо фаъолият менамоянд.

Дар қайди Агентии агентии њифзи мењнат ва шуѓли ноњия   394 адад шартномаҳои коллективӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тањлили маълумотњои пешнињодшудаи маќомотњои мазкур нишон дод, ки дар 55,4 фисади корхонаҳои фаъоли шањр шартномаи коллективӣ баста шудааст ва мутаносибан дар онҳо иттифоқњои касаба низ ташкил карда шудааст.

Дар боқӣ дар 44,6 фисади корхонаҳо иттифоқњои  касаба  ташкил карда нашудаанд ва бо њамин сабаб дар онҳо шартномаи коллективӣ баста нашудааст.

Тибқи маълумотҳои  Агентињои омори  ноҳияи Рудакӣ дар ҳудуди ноҳия  ҳамагӣ 763 адад корхонаву ташкилотҳо фаъолият мекунанд.

Дар қайди Агентии њифзи иљтимоии ноњияи Рудакї бошад  267 адад шартномаҳои коллективӣ ба ќайд  гирифта шудаанд.

Аз ин бармеояд, ки дар  40 фисади корхонаҳои ноҳия шартномаи коллективӣ баста шудааст ва дар боқӣ дар 60 фисади корхонаҳо иттифоқи касаба ташкил карда нашудаанд ва дар онҳо шартномаи коллективӣ баста нашудааст.

Дар асоси  маълумотҳои пешнињоднамудаи Агентии омори ноњияи Файзобод  ҳамагӣ  325  адад корхонаву ташкилотҳо фаъолият менамоянд.

Дар қайди Агентии агентии њифзи мењнат ва шуѓли ноњия  101 адад шартномаҳои коллективӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тањлили маълумотњои пешнињодшудаи маќомотњои мазкур нишон дод, ки дар 52  фисади корхонаҳои фаъоли ноњия  шартномаи коллективӣ баста шудааст ва мутаносибан дар онҳо иттифоқњои касаба низ ташкил карда шудааст.

Дар боқимонда  дар  48  фисади корхонаҳо иттифоқњои  касаба  ташкил карда нашудаанд ва бо њамин сабаб дар онҳо шартномаи коллективӣ баста нашудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ноњияи Файзобод фисади заёди ба шарики иљтимои фаро нагирифтани корхонањо ба бахши хусусї мансуб мебошанд.

Дар асоси маълумотњои пешнињоднамудаи Шуъбаи омори шањри  Вањдат дар ҳудуди шањр  ҳамагӣ  583 адад корхонаву ташкилотҳо фаъолият мекунанд

Дар қайди Агентии омори шањр бошад  230 адад шартномаҳои коллективӣ ба қайд гирифта шудааст ва аз ин бармеояд, ки чунин теъдоди ташкилотҳои иттифоқи касаба мавҷуданд, ки ҳамаи шартномаҳои коллективӣ таҳия шуда аз қайди Раёсати мазкур гузаштааст.

Агар мо маълумотҳои ин ду ниҳодро ба ҳам қиёс кунем, чунин бармеояд, ки дар 39 фисади корхонаҳои шањр  шартномаи коллективӣ баста шудааст ва мутаносибан дар онҳо иттифоқи касаба низ ташкил карда шудааст.

Дар боқӣ 41 фисади корхонаҳо иттифоқи касаба ташкил карда нашудаанд ва дар онҳо шартномаи коллективӣ баста нашудааст.

Дар он корхонаҳое, ки шартномаи коллективӣ баста нашудааст дар 119 корхонаҳо шумораи коргаронашон то 3 нафарро ташкил медиҳад, ки дар онҳо имкон бастани шартномаҳои коллективӣ мавҷуд нест.

Яъне  дар бисёре аз корхонаву ташкилотњои шањру навоњї аз љумла дигар шањру навоњие, ки мавриди тањлил ќарор дода нашудааст,  аз 50 то 76 фисади корхонањои мављуда иттифоқҳои касаба таъсис дода нашудааст ва кормандони ин корхонањо аз доираи шарикии иљтимої берун мондаанд.

Умуман дар  сохторњои Кумитањои  Иттифоќњои касабаи шањру ноњияњо  љињати  баланд бардоштани  савияи дониши кормандон  алалхусус  савияи  дониши  њуќуќии онњо, ташкил намудани нозирони њифзи мењнат ва њуќуќ, љоннок намудани механизми  фаъолият вобаста ба самти  соњавї,  њамкории густурда бо сохторњои Маќомотњои иљроияи њокимияти давлатї аз љумла Агентињои шуѓл ва омор, бахши хусусї, таъмини   утоќњои  корї, насб намудани Гушањои иттилоотї  ва фахрї аз њаёту фаъолияти иттифоќњои касаба ањамияти зарурї дода шавад.

Дар самти њифзи мењнат,

Таҳлили ҳолати ҳифзи меҳнат ва ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар ташкилоту корхонаҳо гузаронида шуд.  Аз љумла  23 марти соли 2019 дар  ҶДММ “Строй-Комплекс”, Хотамов Рустам, 1997 соли таваллуд, ҷароҳати вазнин бардоштааст. 06 майи соли 2019  дар  Сехи коркарди чӯбутахта  Ҳоҷиев Абдусамад соли таваллуд  1990 ҷароҳати вазнин бардоштааст, ки вобаста ба ин њолатњо хулосаҳо ба сохторњои дахлдор манзур карда шудаанд.  пешниҳод карда шуд. Хамзамон гузаронидани санҷишҳо ва шиносоӣ бо фаъолияти ташкилотҳои иттифоқи касабаи ноҳияҳо ва шаҳрҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳиссор, Рӯдакӣ, Роғун, Файзобод ва Ваҳдат ба роњ монда шуда, мутобиќи наќшаи кории тасдиќшуда, санљишњо дар Агентии омори назди Ҳукумати Љумњурии Тољикистон, Агентии стандартизақия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Љумњурии Тољикистон, Саридораи бойгонии назди Президенти Ҳукумати Љумњурии Тољикистон, Шабакаҳои барқии марказӣ, Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Ҷумњурии Тољикистон, Корхонаи Фаръии таъминоти моддӣ-техникии “Тоҷикэнергоснаб, ҶСК “Шабакаҳои барқии ш.Душанбе, Силсила Нерӯгоҳҳои барқии обии Варзоб” гузаронида шудаанд.                                     Мутахассисони Федератсия 8 маротиба дар семинарњои  Ташкилоти байналмилаллии мењнат оиди лоиҳаи “Таъмин намудани меҳнати арзанда ва бехатар” иштироки фаъолона намудаандж.   Дар давраи њисоботї  теъдоди умумии нозирони ҳифзи меҳнат 28 нафарро ташкил мекунад, ки аз он 20 нафар дар кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳавӣ ва 8 нафар дар кумитаҳои вилоятии соҳавӣ фаъолият менамоянд. Шумораи нозирон нисбат ба њамин давраи њисоботї  16 нафар камтар  мебошад.

Дар кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳаҳои алоқа, ҷангал, бофандагӣ ва кимиё вазифаи нозири меҳнат ихтисор карда шудааст.

 

Оид ба њифзи њуќуќ

Ташкилотњои њамузв тайи давраи сипаришуда  ба иљрои вазифањои оинномавии худ оид ба њимояи њуќуќу манфиатњои  кормандон, аъзоёни иттифоқҳои касаба  машѓул шуда, тибќи санадњои амалкунанда фаъолият намуданд.

Дар њайати гуруњњои кории Федератсия ба вилоятњои  Суѓду Хатлон ва ноњияњои тобеи Марказ сафарњои корї доир намуда, бо коллективњои мењнаткашон ва ташкилотњои ибтидоии иттифоқҳои касаба дар мањалњо  вазъи шарикии иљтимоиро мавриди омўзиш, тањлил ќарор доданд. Дар љараёни ин сафарњо   ба коргарон ва коллективи онњо, иттифоқҳои касаба талаботњои стандартњои байналмилалї, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллї, талаботњои Кодекси мењнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», оид ба њуќуќњои кормандон ва иттифоқҳои касабаро фањмонда доданд ва ба онњо кукмакњои методї, тавсиявї расонида, нусхањои зиёда аз 20 санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пешкаш гардониданд.

Лоињањои санадҳои меъёрии ҳуқуқї ва дархостњои аз вазорату идорањо воридгардидаро мавриди омўзиш ќарор дода, љињати мукаммалгардонии онњо таклифу пешнињодоти мушаххас манзур намуданд. Њисоботи оинномавии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон – ро тањия намуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  манзур гардониданд.

Нозирони њуќуќи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон тайи давраи њисоботї дар 555 корхонаву муассисањо санљишњо гузаронида, ба корфармоён 297 адад амрномањо љињати рафъи ќонуншиканињои мењнатї дода, дар барќарор кардани 14 нафар кормандон ба љои корашон бевосита сањмгузорї карданд. Њамчунин онњо ба корфармоён бо теъдоди 100 пешнињодњо љињати рафъи ќонуншинкаињо ирсол намуданд.

1239 нафар шањрвандонро ќабул намуда, ба саволњои онњо љавобњои мушаххас ва тавсияњои њуќуќї доданд, ки аз ин теъдод 388 нафари онњоро дар љойи корашон – дар корхонањо ќабул намудаанд.

Дар давраи њисоботї аризаи хаттии 173 нафар шањрвандонро оид ба масъалањои мењнатї мавриди баррасї ќарор дода, љавобњои мушаххас ва тавсияњои муфид доданд.

Нозирони њуќуќи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  дар вохурињо дар байни коллективњои мењнатї ва семинарњо 261 маротиба оид ба масъалањои ќонунгузории мењнатї маърузаву суњбатњо баргузор намуданд.

Шуъбаи њуќуќ дар самти њамкорињои Федератсия бо Шўрои љамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолнокї зоњир намуданд.

Вале, њоло њам њамон мушкилотњои то њол њалли худро ба пуррагї наёфта  яъне набудани нозирони њуќуќ дар баъзе ташкилотњои њамузв (иттифоқҳои касабаи соњањои бофандагї, кимиё, алоќа ва љангал) њам дар сатњи љумњурї ва дар вилоятњо ва њамчунин  кам будани теъдоди нозирони њуќуќ дар ташкилотњои њамузв њамчун монеа — садди пешравии фаъолияти иттифоқҳои касаба боќї мондаанд.

Њамкорони азиз,

Њамкорињо дар сатњи байналмилалї бо КУИК (ВКП), Ташкилоти байналмилалии мењнат, бо ташкилотњои Иттифоќњои касабаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил ва ташкилотњои Иттифоќњои касабаи хориљи кишвар вусъат ёфтанд.

Бахусус бо Ташкилоти Байналмилалии Мењнат дар нимсолаи аввал семинарњои омўзишї доир гардиданд.

Рўзњои 11-15 феврали соли 2019 дар ќароргоњи Ташкилоти Байналмилалии Мењнат дар шањри Женева дар доираи љашни 100- солагии ин ташкилот сафари омўзишї ва семинар барои роњбарони иттифоќњои касабаи љумњурињои Тољикистон ва Ќирѓизистон баргузор шуд. Дар ин чорабинї њайати њафт нафараи Иттифоќњои касабаи Љумњурии Тољикистон бо роњбарии раис ширкат варзида дар ин чорабинии сатњи байналмилалї дошта суханронї намуд.

6 марти соли љорї њайати Иттифоќњои касабаи Љумхурии  Ќазоќистон бо роњбарии раиси Федератсияи иттифоќњои касабаи ин кишвар Абдирайим Баќитжан Жарилкасинули дар Кохи иттифоќњои касабаи Тољикистон вохўрии фаъолони иттифоќи касабаи Тољикистон бо њампешањои ќазоќашон баргузор гардид.

Рўзњои 20-21 марти соли љорї дар шањри Алмаатаи (Нурсултон) Љумњурии Ќазоќистон бахшида ба 100-солагии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар мавзўи “Наќши иттифоќњои касаба дар муносибатњои мењнатї-иљтимої, Муколамаи Шарќ ва Ѓарб” доир гардид.  Дар Конфрос оид ба фаъолияти иттифоќњои касабаи Тољикистон дар замони муосир, махсусан фаъолияти самарабахш вобаста ба муносибатњои мењнатї ва иљтимої баромад намуданд.

28-29 марти соли 2019 дар истироњатгоњи “Хоља Оби Гарм” дар доираи 100 солагии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат семинари амалї ва назариявии Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Мењнат баргузор шуд. Дар он масъалаи “Муњокимаи маърўзаи Комиссияи мустаќили Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат “Кор бањри ояндаи наку ва вазифаи иттифоќњои касаба” мавриди муњокима ќарор гирифт.

Дар доираи љашнгирии 100-солагии Ташкилоти Байналмилалии мењнат моњи марти соли љорї дар шањри Тошкент Љумњурии Ўзбекистон конференсия байналмилалї дар мавзўи “Мењнати арзанда, ташаббусњо барои таъмини шуѓли шоиста” баргузор шуд. Дар кори конференсия намояндагони Агентии мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Чумњурии Тољикистон ва Палатаи саноат ва савдои Љумњурии Тољикистон иштирок намуданд.

Бо ќарори Ташкилоти Байналмилалии Мењнат “Рўзи Умумиљахонии муњофизати мењнат” 28-апрел муќаррар шудааст. Бахшида ба ин рўз Мурољиатномаи Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ба Ташкилотњои иттифоќњои касабаи љумњурї ба муносибати 28 апрел-Рўзи Умумиљањонии муњофизати мењнат дар нашрияи Федератсия ба табъ расид.

Њамкорињо бо Вазорати мењнат дар самти љорї намудани талаботи  Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ва рушди муносибатњои мењнатї дар нимсолаи соли равон хуб ба роњ монда шуд. Дар ин давра аз љониби Вазорати мењнат унвонии Федератсия лоињањои 12-санадњои меъёрии њуќуќї дар самти муносибатњои мењнати ворид гашта, њамаи онњо дар муњлатњои муќаррар гардида баррасї гашта бо назардошти таклифу пешнињодњои Иттифоќњои касабаи Тољикистон ќабул карда шуданд. Аз љумла, лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба Созишномаи генералї барои солњои 2018-2020 ва Наќшаи чорабинињои он, лоињањои ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон  оид ба мењнати арзанда ва паст намудани сатњи шуѓли баќайдгирифтанашуда, лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон  “Дар бораи тасдиќи Консепсияи такмили низоми меъёрбандї ва музди мењнат дар Љумњурии Тољикистон  барои солњои 2019-2023” ва ѓайра.

Ба њолати 15-июни соли 2019 аз љониби Федератсия дар маљмўъ-6 адад роњхат ба истироњатгоњњо ва шифохонањои љумњурї ба маблаѓи   8850 -сомонї  харидорї карда шуданд.

Баъди қабул шудани ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019” аз 1 марти   соли 2019, №103 доир ба амалисозии қарори мазкур, ҳамчунин “Наќша-чорабинињои Федератсия оид ба ташкил ва назорати фаъолияти истироњатгоњњои тобистонаи кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли 2019” таҳия карда шуда, 5 апрели соли ҷорӣ ба баррасии ҷаласаи сайёри Шӯрои Генералии Федератсия  пешниҳод гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд.

Тибқи қарори мазкури Шӯрои Генералии Федератсия бо мақсади назорати рафти омодагӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии истироњатгоњњо бо таҷҳизотҳои зарурӣ, таъмини истироҳатгоҳҳо бо кормандони педагогӣ ва дигар корҳои ташкилӣ, ҷиҳати назорати раванди ташкили кори истироҳатгоҳҳо Ситоди “Тобистон-2019” таъсис дода шуда ба аъзоёни Ситод супорида шуд, ки ҷараёни ташкили кори истироҳатгоҳҳоро мунтазам назорат намоянд.

Дар ин давра корҳои омодагӣ барои ташкили истироњатгоњњо, мавзеъҳои истироҳатӣ идома дода шуда,  моњи майи соли ҷорӣ аз ҳисоби аъзоёни Ситоди “Тобистон-2019”, масъулини Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он  гуруҳҳои корӣ ташкил карда шуда, вазъи омодагии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ дар мавзеи Ромити шаҳри Ваҳдат, дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, мавзеъҳои Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав ва Ширкенти шаҳри Турсунзода ва вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони истироҳатгоҳҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати вусъат ва баанҷомрасонии корҳои таъмиру сохтмонӣ дар биноҳо, ошхонаҳо, муҷаҳҳазгардонии иншоотҳо, таъмири ҳавзҳои оббозӣ, майдончаҳои варзишӣ ва баанҷомрасонии дигар корҳо, чораҳои амалӣ андешида шуд. Чунин гурўҳҳои корӣ дар шӯроњои иттифоқи касабаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон низ  таъсис дода шуд.

Рӯзњои 1-3 майи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони дигар мақомоти марбутаи ваколатдор оид ба ташкили истироҳатгоҳҳо бо ҷалби сарварону муттасадиёни истироҳатгоњњо дар истироњатгоњи  “Файзи Истиќлол” воќеъ дар ноњияи Варзоб, семинари ҷумҳуриявӣ баргузор  гардид, ки дар он вазифаи ҳар як муттасадӣ оид ба ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсим фаҳмонида дода  шуд.

Рӯзи 10 май ҷаласаи Ситоди аввалин бо роҳбарии Раиси Федератсия ва иштироки аъзоёни Ситод масъулин аз Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тоҷикистон, намояндагон аз Муассисаи давлатии ҷумњуриявии тањсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми ЉТ, Раёсати ташкили хизматрасонињои тиббї ба модару кўдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустї ва њифзи иҷтимоии ањолии ЉТ, Шуъбачаи хадамоти кор бо ноболиѓон ва ҷавонони Вазорати корњои дохилии ЉТ, Раёсати буҷети суѓуртаи актуарии Агентии суѓуртаи иҷтимої ва нафаќаи ЉТ, Ташкилоти ибтидоии Кумитаи телевизион ва радиои назди ЊЉТ, Кумитаи иттифоќи касабаи соњаи алоќаи Тоҷикистон, Кумитаи иттифоќи касабаи маориф ва илми шањри Душанбе, Шуъбаи хадамоти рањбонии БДА гузаронида шуда, дар он нақшаи Ситод ва вазифаҳои аъзоёни Ситод дар мавсим муайян карда шуд.

Дар маҷлиси Ситод бо иштироки раисони кумитаҳои ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ва кормандони масъули дастгоҳи Федератсия масъалаҳои ҳалталаби ташкили истироҳат ва солимгардонии кӯдакону наврасон мавриди баррасӣ қарор гирифта, чиҳати корбарӣ бо масъулини  истироҳатгоњњо доир ба ҳалли масъалаҳои љойдошта ва дар сари вақт гирифтани хулосаҳои мақомоти давлатии беҳдоштию вогирӣ ва хадамоти оташнишонӣ барои ифтитоҳи ҳама намуди истироњатгоњњо, дастурҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.

Тибқи қарори Ситод рӯзҳои 14-21 майи соли равон аъзоёни Ситод, роҳбарони ташкилотҳои ҳамузв ва кормандони масъули дастгоҳи Федератсия ба минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат (лагерҳои “Дониш”, “Ҳамсафар”, “Кайҳон”, “Коргарҷавонон”), ноҳияи Варзоб ЉСК ”Комплекси сайёњии Варзоб”, лагерҳои “Орзу”, “Гулхан”, “Шарора”,“Зимчуруд”, “Орбита”, “Барқчиён” “Файзи Истиќлол”, “Истиќлол” “Обшорон”) ва шаҳрњои Ҳисор (“Чангоб”, “Сарҳадбонон”-дараи Алмосӣ), Турсунзода (“Ширкент”) ноҳияи Шаҳринав (Пансионати муолиҷавии Қаратоғ) ва истироњатгоњњои беруназшањрї- “Соњил”, “Шарора”, Офтобак”, Насими Фархор” вилояти Хатлон сафар намуда, аз ҳолати омодагӣ ба мавсими истироҳатӣ шинос шуда, ҷиҳати рафъи камбудию норасогиҳо ба масъулини истироњњатгоњњо тавсияҳо дода шуд.

Санљиш дар истироњатгоњњои болозикр нишон дод, ки дар аксари истироњатгоњњо ба ќабули наврасону кўдакон омода буданд. Дар рафти санљиш баъзе камбудию норасогињо ошкор гардиданд. Хулосаи маќомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатари аз сўхтор, гирду атрофи биноњои хобгоњњо аз њар гуна маводњои сўзанда ва партовњо, хазонрезањо, алафњои худрўй бо пуррагӣ  тоза карда нашуда, баъзе даромадгоњњои истироњатгоњњое, ки аз офатӣ табии зарар дида буданд, бартараф нагардидаанд.

Шумораи кўдакон ва наврасони ба солимгардонї ҷалбшаванда дар басти аввали истироњатгоњњо 2850 нафарро ташкил дода, аз 24 июни соли ҷорї истироњатгоњњои беруназшањрї ба фаъолият оѓоз намуданд.

Вобаста ба мушкилотњои љойдошта дар истироњатгоњњои беруназшањрї љињати бартараф намудани мушкилотњо ба унвонии раиси Федератсия ва Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон гузориш пешнињод гардид.

Барои дар сатњи баланд баргузор намудани љашни фархундаи Наврўзи љањонї аз љониби Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон аз 14 марти соли 2019 наќшаи чорабинињо, барномаи  баргузорї, сенария тањия ва тасдиќ гардид ва ин љашни пуршукўњ дар сањни њавлии Федератсия бо шукўњу шањомат баргузор гардид.

Тибќи барномаи баргузории љашн як ќатор чорабинињо ба монанди омода намудани дастурхони идона, ќабули собиќадорон, сухани табрикотии раис, ташкили баромади дастаи њунарї, раќси занона ва мардона, шеърхонї, латифагўї, ташкили озмуни Маликаи Наврўзї ва ѓайрањо гузаронида шуданд.

Барои баргузор намудани маҷлисҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашнҳои расмии давлатӣ “Рӯзи модар”, ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019, 1 Май, 9-Май, 27-июн Рўзи Вањдати миллї, Иди Рамазон наќшаи чорабинињо, сенария, барномаи консертї, рўйхати даъватшавандагон тањия гардиданд. Инчунин ба раиси Федератсия баромадҳо омода карда шуд.

Дар арафаи Иди саиди Фитр, Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тоҷикистон ва ташкилотои њамузви он ба маъюбон, ятимон, беморон, собиќадорон ва ниёзмандон кўмаки якваќтинаи худро расониданд.

Чунончи Кумитаи љумњуриявии иттифоќи касабаи кормандони тандурустї ва  њифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба 85 нафар кўдакони ятими аз Сирия ва Ироќ баргардонидашуда 28 000 (бисту њашт  њазор) сомонї, маъюбони варзишгар 500 (панљсад) сомонї, беморон ва кормандони камбизоати соња 12000 (дувоздањ  њазор) сомонї, Кумитаи ҷумњуриявии иттифоќи касабаи кормандони саноат, хоҷагии манзилию коммуналї, газї ва хизматрасонии Тоҷикистон ба  16 нафар дар њаҷми 3700 (се њазору њафтсад) сомонї, Кумитаи ҷумњуриявии иттифоќи касабаи кормандони фарњанг, иттилоот, варзиш ва сайёњии Тоҷикистон 2100  (ду њазору сад) сомонї ба 15 нафар ятиму камбизоатон,  Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тоҷикистон  ба маблаги 1500 (як њазору панљсад) сомонї ба ниёзмандон, Кумитаи љумњуриявии  иттифоќи касабаи кормандони наќлиёт ва хољагии роњњо ба Мактаб-интернати кару гунгони ноњияи Рўдакї маводњои хўрока аз љумла орд, шакар, равѓан дар њаљми 10000  (дањ њазор) сомонї, ва ба чор нафар иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї ва собиќадорон 200 (дусад) сомонї, Кумитаи иттифоќи касабаи маориф ва илми Тољикистон ба миќдори 4600 (чор њазору шашсад) сомонї  кўмакпулї  ва 670 (шаш саду њафтод) сомонї Фитри рўза, Кумитаи иттифоќи касабаи роњи оњанчиён ба 4 нафар  иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї 200 (дусад) сомонї ва 300 (сесад) сомонї Фитри рўза, Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони соњаи энергетика 7500 сомонї  људо карда шуд.

Дар ин давра, ба масъулини моҳномаи “Ҳамраъйӣ” вобаста ба беҳтар шудани сифати нашри моҳнома, ҳолати обунашавӣ ба моҳнома ва “Муассисаи сайру саёҳати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон” ҷиҳати андешидани чораҳо доир ба рушди саёҳӣ, истифодаи имконияти эълон гардидани соли 2019-2021 “Солњои рушди дењот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  дар Федератсия наќша-чорабинињо тањия гардида корҳои омодагї идома доранд.

Дар давраи њисоботї   соли ҷорӣ 6 маротиба моҳномаи “Ҳамраъйӣ” ба чоп расида, дар он масъалаҳои рӯзмарраи иҷрои талаботҳои оинномавӣ дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва ташкилотҳои болоии он мавриди тарғиб қарор дода шуд.

Вобаста ба наќшаи чорабинињои љашн гирифтани 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон зери назорат ќарор дорад.

Оид ба солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї

Вобаста ба  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № АП-1176 аз 6 марти соли 2019 Наќшаи чорабинињо бахшида ба «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» тасдиќ карда шудааст.

Аз ин рў ба ташкилотњои њамузве, ки дар дехоту шањракњо ташкилотњои ибтидоии худро доранд, зарур аст, ки дар амалигардонии ин чорабинї  сањмгузор бошанд. Ин чорабинї бояд, ки зери назорати  Роњбарони ташкилотњои њамузви сатњи љумњурї, вилоятї ва шањру ноњияњо ќарор дошта бошад.

Оид ба саноатикунонии кишвар.

Пешвои муаззами миллат дар паёми худ  њадафи навбатии муњимро дар назди маќомоти дахлдори Давлат вогузор намуд, ки ояндаи дурахшони кишвар аз он вобастагї дорад. Ин њам бошад саноатикунонии кокарди мањсулоти ватанї мебошад.

«Хотиррасон менамоям, ки пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад.»

Њамчунин ба  маќомоти дахлдор дастур доданд, ки то њадди нињої мањсулоти хом дар дохиши кишвар коркард карда шуда, мањсулоти таёр ба хориљи кишвар содирот карда шавад, ки ин иќдом барои ташкили љойњои нави корї мусоидат менамояд.

Аз ин рў аз њамаи ташкилотњои њамузви дахлдор хоњишмандем, ки ширкати фаъолонаи аъзоёни иттифоқҳои касабаро дар амалигардонии ин њадафи бузург  таъмин намоянд.

    Оид ба пешнињоди њисоботњои оморї

Яке аз сабабњое, ки барои дастрас гардонидани маълумотњои омории иттифоқҳои касаба  монеъ мешавад, сари ваќт пешнињод накардани маълумотњои зарурї ба Федератсия мебошад.  Мумкин баъзењо гуянд, ки  њисоботи кварталї дар низоми онњо пешбинї нашудааст. Вале, набояд фаромуш кард, ки тамоми вазорату идорањои љумњурї, ташкилоту корхонањо  ва билохира дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тањлили фаъолияти семоња ва натиљагирї гузаронида мешавад. Мо дар њамин кишвар ва Давлат зиндагї мекунем ва бояд низоми мо низ мутобиќ бошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсия пурсиш мекунад ва бевосита ба њар як ташкилоти њамузви он робита надорад. Иттифоқҳои касабаро дар шахсияти Федератсия мешиносад.

Баъдан дар маълумотномањои ташкилотњои њамузв  дар бораи иљрои вазифањои оинномавї тибќи  Оинномањои Федератсия ва кумитањои соњавї, вазифањои иттифоқҳои касаба, ки аз Кодекси мењнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќонуни соњавии мо, Созишномаи генералї, Наќшањои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва вобаста ба он наќшањо ва ќарорњои Шўрои Генералї ва Кумитаи иљроияи он бармеоянд, маълумоти камтар дода мешавад. Њар кас чи тавре ки хостааст, њамон хел маълумот навишта пешнињод кардааст.

Гуруњи кории Федератсия ва ташкилотњои њамузви он сари масъалаи мазкур кор карда истодаанд ва ба наздикї  чунин шакли њисоботњо тањия ва ба Шўрои генералї барои тасдиќ ва ќабул пешкаш мешавад.

Ба њамаи ташкилотњои њамузв тавсия медињем, ки минбаъд дар маълумотномањои даврї (њисоботњо) дар навбати аввал вобаста ба вазифањои иттифоқҳои касаба, ки аз санадњои болозикр бармеоянд, маълумоти муфассал дода, пасон оиди дигар корњои ба анљом расонидашуда дарљ намоянд.

   Оид  ба ширкати  иттифоқҳои  касаба  дар раванди муќовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар падидањои номатлуб.

Бисёр масъалањое њастанд, ки имрўз љомеаи љањонї ва кишвари моро низ ба ташвиш овардаанд. Аз љумла мубориза ба терроризм ва экстремизм, бар зидди коррупсия, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва дигар падидањои номатлуб боиси нигаронии роњбарияти сиёсии кишвар ва ахли љомеаи мо гардидаанд.

Њамчун ќисми пешќадами љомеаи шањрвандї муваззаф њастем, ки дар раванди мубориза бар инпадидањои номатлуб ва пешгирї аз онњо сањмгузор бошем.

Барои њамин ба њар яки Шумо тавсия медињам, ки  дар њамаи љаласањо ва вохурињои худ бо фаъолони иттифоқҳои касаба ва коллективњои мењнатї оид ба Дастурњои рањнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба зарарњои љиноятњои болої, пешгирї аз онњо, њамроњ нашудани љавонон ба ин љараёнњо, тарбияи љавонон дар рўњияи ватандўстї,  пос доштани арзишхои Вањдати миллї ва њифзи дастовардњои Истиќлолияти давлатї ва њушёриву зиракии онњо сухан гуед.

   Дар самти тарбияи кадрњо

Пешравии фаъолият ва обрую нуфузи минбаъдаи иттифоқҳои касаба аз он вобастагї дорад, ки мо ба тарбияи кадрњои љавон чи ќадар диќќат медињем, зеро ки таќдири минбаъдаи иттифоқҳои касаба дар дасти онњост.

Мутаассифона мо ба масъалаи ба роњ мондани омўзиши кадрњои љавон, бозомузии онњо, ташкили семинарњо ва љалби онњо диќќати даркорї намедињем.

Худатон фикр кунед, ки мутахссисони имрўза, ки синну солашон ба сини нафаќа рафт истодаанд,  баъди мову Шумо ки  фаъолияти иттифоқҳои касабаро пеш мебарад.

Адбатта семинарњо аз љониби ТБМ  ташкил мешаванд ва кормандони мо ширкат мекунанд, вале на њама кас дар он ширкат карда метавонанд ва баъдан дар он семинарњо талаботњои худи онњо бештар омузонида мешаванд.

Барои мову Шумо лозим аст, ки бештар курсњо ва семинарњо ташкил намуда ва ба омузиши ќонунгузории миллї дар байни љавонњо машѓул шавем.

Ба њамаи роњбарони ташкилотњои њамузв барои њамдастї ва фаъолияти пурсамар дар пешрафти фаъолияти иттифоќњои касаба изњори миннатдорї баён намуда, бо иљозати муњтарам Раис аз роњбарони Шўроњои вилоятї ва Кумитањои соњавї дархост менамоем, ки оиди фаъолият, нишондињандањо, бурдубохт ва проблемањои љойдошта, дар шакли музокира баромад ва ибрози аќида намоянд.