27 Январь, 2020

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Иттифоќи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолењи бинокории Љумњурии Тољикистон – созмони мустаќили љамъиятиест, ки дар асоси ихтиёрї коргарону кормандонро дар соњаи сохтмон, меъморї, лоињакашї ва саноати масолењи бинокорї, дар корхонањо, иттињодияњо, дар муассисаву ташкилотњо, ки новобаста аз шакли моликият ва хољагидорї шуѓли кор мебошанд, инчунин муњассилини муассисањои таълимии миёнаи махсус ва касбї-техникиро, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон мавќеъ доранд, муттањид месозад.

Иттифоќи касаба дар асоси сарќонун (Конститутсияи) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятии Љумњурии Тољикистон», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттифоќњои касаба, њуќуќ ва кафолати онњо», Оиннома ва Барнома  ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон фаъолият мекунад. Дар фаъолияти худ он аз маќомоти идораи давлатї ва хољагї, созмонњои сиёсї ва дигар ташкилотњои љамъиятї вобастагї надорад ва ба онњо њисобдињанда намебошад.

Фаъолияти иттифоќи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолењи бинокории Љумњурии Тољикистон пас аз  таъсис гардидан дар Анљумани 1-ум, ки 17 апрели соли 1992 баргузор шуд, оѓоз гардид.

Дар Анчуман сохтори роњбарикунанда — Кумитаи Марказї (иборат аз нўњ нафар) ва Комиссияи  назоратї – тафтишии иттифоќи касаба интихоб карда шуд.

Иттифоќи касаба ба мисли дигар иттињодияњои љамъиятї барои бењтар шудани сатњи зиндагии мардум, рушди хољагии халќ, њифзи иљтимоии ањолї, инкишофи њама гуна шаклњои њамкории байналмилалї, ташкили корхонањо ва созмонњои муштарак мусоидат мекунад.

Њоло иттифоќи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолењи бинокорї ќариб њашт њазор нафарро дар сафи худ муттањид сохтааст.

Иљрои Созишномаи генералї байни Њукумати Љумњурии Тољикистон, Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва Иттињодияи корфармоёни Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018 – 2020 ба мо имконияти боз њам фаъолтар намудани ташкилотњои иттифоќи касабаи соња љињати бењтар шудани шароити мењнат дар сохтмон, зиндагии корманд ва аъзои оила дар њамкорї бо корфармо тадбирњои бештар андешем.

Дар натиљаи чорањои андешидашуда танњо дар соли 2018 ва нўњ моњи соли 2019 110 ташкилоти нави ибтидоии иттифоќи касаба таъсис дода шуд, ки дар он сафи аъзоён бештар аз ду њазору сад нафар зиёд гардид.

Имрўз корхонањои маъруфи љумњурї, ба мисли Дирексияи сохтмони иншоотњои њукуматии Дастгоњи иљроияи Президенти ЉТ, ЉСК «Сементи Тољик», ЉДММ «СТС Иншоот», ЉДММ «Авитсена», ЉДММ «ТВЕА- Душанбе», ЉДММ «Бунёдкор — Т», ЉДММ «Баракат -2017» ва ѓайрањо, ки дар ободонї ва инкишофи кишварамон сањми босазо доранд, бо КМ њамкории наздик доранд.

Кумитаи марказї ба манфиатњои мењнатї, иќтисодї ва иљтимоии кормандон  дар корхона ва муассиса ањамияти муњим медињад.  Дар ин самт, бастани Шартномаи коллективї, ки воситаи муњимтарини таъсиррасонї ба истењсолот, бењтар намудани шароити мењнат ва зиндагии кормандон мебошад,  зери назари доимии Кумита мебошад.

КМ дар доираи ваколатњои хеш робитањои мутаќобилан судмандро бо иттифоќњои касабаи кишварњои хориљї, бахусус кишварњои ИДМ густариш дода, бо иттифоќњои касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолењи бинокории Федератсияи Россия, љумњурињои Ќазоќистон ва Беларус созишномањои њамкорї ба имзо расонидааст ва аъзои Конфедератсияи байналмилалии иттифоќњои касабаи давлатњои ДММ (МПК «Строитель») мебошад.

Илова бар ин, љињати густариши њамкорї бо Интернатсионали сохтмончиён ва чўбгарон (БВИ-и Шветсия) якчанд семинарњо бо фаъолљавонони иттифоќи касабаи корхонаю муассисањо  гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 250 нафар љавонон ширкат варзиданд.

Њадаф аз баргузории чорабинии мазкур фањмидани афкори љавонон дар бораи арзишњои Вањдати Миллї, тањкими истиќлолияти давлатї, фаъолият дар ташкилотњои љамъиятї ва бахусус иттифоќи касаба мебошад.

Бояд ќайд намуд, ки аксари аъзои иттифоќи касабаи соњаи сохтмон љавонон мебошанд ва сафи онњо сол аз сол зиёд мешавад. Шурои љавонони Кумита фаъол буда, мунтазам талош меварзад, ки бо иттињодияњои љавонони кишварњои дигар низ  њамкории хубро ба роњ монад.

Дар семинарњо мунтазам кормандони Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии ЉТ, раисони кумита, ташкилотњои  ибтидоии иттифоќњои касаба фаъолона иштирок ва баромад менамоянд.

Љињати иљрои бандњои Созишномаи генералї байни Њукумати Љумњурии Тољикистон, Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва Иттињодияи корфармоёни ЉТ таъминоти њифзи њуќуќњои мењнатии муњољирони мењнатї Кумитаи марказии иттифоќи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолењи бинокории ЉТ дар мувофиќа бо Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии  ЉТ лоињаи Созишномаи сетарафаро барои имзо ба Иттифоќи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолењи бинокории Федератсияи Россия ирсол намуд.

Илова бар ин, дар ин самт, бо кормандони хадамоти муњољирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии  ЉТ семинар оид ба роњ мондани корњои муштарак љињати касбомўзии муњољирони мењнатї, ба сафи иттифоќи касаба шомил намудани онњо ва муташаккилона ба Федератсияи Россия фиристодани гурўњњои муњољирон  гузаронида шуд.

Бо Кумитањои иттифоќи касабаи сохтмони кишварњои Россия, Белорусь ва Ќазоќистон дар самти муњољирати мењнатї шартномаи њамкорї ба имзо расонида шуд, ки шањвандони тољик њангоми муњољирати мењнатї метавонанд аз хизматрасонї ва оиди њифзи њукуќњои худ аз кумаку дастгирии иттифоќњои касабаи соња дар ин кишварњо   истифода баранд.

Масъалањои дар корхонаю муассисањо таъмин намудани шароит барои мењнати арзанда, бехатар ва паст кардани шуѓли ѓайрирасмї дар мадди назари доимии Кумитаи марказї  мебошад. Кормандони роњбарикунанда ва муњандисї-техникии КМ мунтазам, оиди риояи талаботњои њифзи мењнат дар корхонаву муассисањо санљишњо гузаронида, љињати пешгирї намудани ќонуншиканї ва риоя накардани њолатњои   техникаи бехатарї маслињатњои муфид медињанд.

КМ барои коњиш додани шуѓли ѓайрирасмї мунтазам кор бурда, аз роњу василањои мухталиф истифода мебарад. Бањри њалли ин масъала робитаро бо кормандон наздик намуда, тавассути корњои таблиѓотї ва  хизмати  воситањои ахбори оммаро истифода мебарем.