26 Май, 2020

Чорабинии ҷашнӣ дар Федератсия

Имрӯз дар  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба рӯзи  таъсисёбии  Иттифоқҳои касабаи  Тоҷикистон чорабини доир гардид. Дар чорабинии мазкур  муовини аввали раиси ФИКМТ  Назарзода Н.Н, муовини раиси ФИКМТ Файзизода И.Н ва раисони  кумитаву ташкилотҳои  ҳамузви  Федератсия иштирок  карданд.         Сараввал муовини аввали раиси ФИКМТ  Назарзода Н.Н,  чорабиниро  ҳусни оғоз бахшид. Баъдан  дар бораи муроҷиатномаи  ФИКМТ  ба  ташкилотҳои  Иттифоқҳои касабаи  Тоҷикистон  бахшида ба муносибати 28-уми апрел, Рӯзи умумиҷаҳонии муҳовизати меҳнат муовини раиси ФИКМТ Файзизода И.Н баромад намуд.  Ҳамчунин мудири шуъбаи  ҳифзи меҳнати Федератсия Қурбонов Акобир дар бораи  Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат маъруза кард.  Дар охири чорабини ба як катор кормандон ифтихорнома ва сипосномаи ФИКМТ супурда шуд.