15 Май, 2021

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

09.042021. Бо ташаббуси мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба пойтахти кишвар таҳти унвони “Тавсеаи имкониятҳои сайёҳӣ – омили рушди устувор” ҳамоиши илмӣ-назарявӣ баргузор гардид.

            Дар кори ҷамъомад роҳбарияти мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, олимону мутахассисони соҳа, намояндагони ширкатҳои сайёҳиву хизматрасонӣ, коршиносон, донишҷӯёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

            Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ – омили муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллат дар арсаи ҷаҳон” бо маърӯза баромад намуд. Раиси Федератсия атрофи масълаи ҷалби бештари сайёҳон  ба кишваар изҳори назар намуда, афзуд, ки сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда,  солҳои охир босуръат рӯ ба рушд дорад. Кишвари мо дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиист ва барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва хизматрасонии  сатҳи баланд ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷию дохилӣ ва тавлиди ҷойҳои нави корӣ мусоидати воқеӣ мекунад.