15 Май, 2021

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ГЕНЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯ

15 апрели  соли 2021  дар маҷлисгоҳи Федератсия  ҷаласаи Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои генералӣ ва ҳамчунин кормандони масъули дастгоҳи марказии Федератсия иштирок намуданд.

        Дар ҷаласа асосан масъалаи “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюм” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

        Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар ҷаласа қабл аз оғози муҳокимаронии масъалаи ба рӯзномаи ҷаласа матраҳгашта ҳозиринро ба муносибати 15-апрел — Рӯзи таъсисёбии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон табрик намуда, сипас оид ба роҳи тайнамудаи ташкилот, пуштибонӣ аз манфиат ва ҳуқуқҳои кормандон ва таҳкими ботадриҷи шарикии иҷтимоӣ ба хотири пешрафти муттасили ҷомеа ибрози назар намуд.

        Маликшо Неъматзода ҳамчунин атрофи масъалаҳои дахлдори фаъолияти Федератсия сухан ронда, чанде аз пешравиҳоро қайд намуд ва дар баробари ин ҷиҳати рафъи камбудиву норасоиҳо дар ин ҷода дастурҳои судманд дод.

        Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои оид ба  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 27 марти соли 2021, №89 “Дар бораи ташкили  истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2021», Дар бораи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, АП-52, дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 ва Нақшаи чорабиниҳои Федератсия, дар бораи танзими фаъолият, ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва фарҳанги муносибат байни ташкилотҳои ҳамузви Федератсия, дар бораи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии намунавии Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон, дар бораи  қатъ кардан ва тасдиқи ваколати аъзои Шўрои генералии   Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустакили Тоҷикистон ва дигар  масъалаҳои ҷорӣ мавриди барррасӣ қарор дода шуданд.

      Ҷаласаи Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома  қарорҳои далдор қабул намуд.