Мизи мудаввари минтақавии иттифоқҳои касаба дар шаҳри Душанбе

Мизи мудаввари минтақавии иттифоқҳои касаба дар шаҳри Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон мизи мудаввар байни Кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаабаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ташкилу баргузор гардид. Дар Мизи мудаввар Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон суханронӣ карда, ба кори чорабинии минтақавӣ барор таманно намуд. Дар рафти кори ҳамоиш роҳбарони ҳайатҳо Раисони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи тандурустии кишварҳои иштирокчӣ бо маърӯзаҳо баромад карда, оид ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи соҳавӣ дар кишварҳояшон маълумоти муфид ҷиҳати табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ пешниҳод намуданд.Сипас бо дарназардошти мувофиқаҳои ба даст омада байни Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва Кумитаҳои иттифоқҳои касабаи тандурустии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. 24.06.22

Leave a Comment

Your email address will not be published.