Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кормандон
Нишони Федератсия

Низомномаи Бозрасии ҳуқуқи меҳнат

Қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсия аз 2 ноябри соли 2016, №19/2

ҚарориКумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
Нишони Федератсия
ПостановлениеИсполнительного комитета Генерального совета Федерации независимых профсоюзов Таджикистана
«2» ноябри соли 2016ш. Гулистон№19/2

«Дар бораи Низомномаи Бозрасии ҳуқуқи меҳнати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон»

Бо мақсади мутобиқ намудани Низомномаи Бозрасии ҳуқуқи меҳнати Иттифоқҳои касаба ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Санадҳои меъёрии зерини Бозрасии ҳуқуқи меҳнати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд:
    • Низомномаи Бозрасии ҳуқуқи меҳнати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (замимаи №1);
    • Санад дар бораи риоя нагардидани қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат (замимаи №2);
    • Амрнома дар бораи бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоршуда (замимаи №3);
    • Дархост дар бораи ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки қонунгузории меҳнатро вайрон намудаанд (замимаи №4);
    • Ҳисоботи фаъолияти Сарнозири (нозири) ҳуқуқи меҳнат (замимаи №5);
    • Шакли шаҳодатномаи Сарнозири (нозири) ҳуқуқи меҳнат (замимаи №6);
  2. Қарори мазкур, Низомнома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқгардида ба Дастгоҳи Федератсия, ташкилотҳои ҳамузви Федератсия ва сохторҳои тобеи онҳо барои роҳбарӣ ва истифода дар кор фиристода шаванд.
  3. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузви он дастгоҳи иҷроияи хешро бо нозирони ҳуқуқи меҳнат (сарнозирон) таъмин намуда, ҷиҳати фаъолияти муътадили онҳо чораҳои мушаххас андешанд.
  4. Қарорҳои Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2011, №13/7 «Дар бораи Низомномаи Бозрасии ҳуқуқи меҳнати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон» ва аз 3 феврали соли 2012, №17/7 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарорҳои Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2011, №13/6, №13/7» аз эътибор соқит дониста шаванд.
  5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Муовини Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (Файзизода И.Н.), мудири шӯъбаи ҳуқуқ ва ҳифзи манфиатҳои меҳнатии Федератсия Алӣ И.С. ва роҳбарони ташкилотҳои ҳамузви Федератсия гузошта шавад.
Муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
И.З. Шарифзода
‹ Ба саҳифаи асосӣ