ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел зимни машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҳлили вазъи соҳаи саноат таъкид намуданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2024 ба 6,1 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 ҳамагӣ 6 фоиз зиёд шудааст, ки ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат мутобиқ нест.
«Суръати рушди нишондиҳандаи мазкур дар ин давра 4,1 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Боиси нигаронӣ аст, ки дар ин давра дар ҳудуди вилоят 29 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз мондааст. Ҳамчунин дар ин давра дар вилоят 20 корхонаи саноатӣ барҳам хӯрдааст», — изҳори нигаронӣ намуданд Сарвари давлат.
Таъкид гардид, ки имконияти истифоданашудаи вилоят дар самти рушди саноат, махсусан саноати истихроҷ ва коркард ниҳоят зиёд аст.
Барои пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои пешқадам зарур шумурда шуд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва таъмин нагардидани рушди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои азими саноатиро ҳамаҷониба омӯхта бароянд.