5 сентябри соли 2024 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идонаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумита, сардорон, дигар кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, марказу муассисаҳои зерсохторҳои Кумита ва меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабинӣ нахуст бо қироати зиндаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Ааҳмадҷон бо суханони табрикотӣ ба Ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ кормандони мақомти соҳавиро табрику муборакбод намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ба шарофати файзи соҳибистиқлолӣ ва муттаҳидию сарҷамъии миллати сарбаланди худ ва ташаббусу ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба файзи Истиқлол комёб гардида, ба ин рӯзҳои нек расидем. Мебояд ин неъмати гаронтарини миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар пайи ободию шукуфогардонии Ватани маҳбубамон меҳнати дучанд дошта бошем. Ҳамзамон, дар чорабинӣ намояндагони мақомоти роҳбарикунанда ва ходимони давлатӣ, аз ҷумла Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, иштирокдори Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева ва Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иштирок ва оид ба дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат, корнамоиҳои ҷоннисорона ва бедареғи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳикими пояҳои Истиқлолият, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, заминаҳои қонунгузорӣ ва дар маҷмуъ расидан ба ҳадаҳои стратегии мамлакат ба таври муфассал суханронӣ намуданд.
Сипас, дар вазъи тантанавӣ ғолибони озмунҳои экологӣ, ки қаблан аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке озмуни шаҳрӣ дар номинатсияҳои “Ноҳияи беҳтарин”, “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Муассисаи беҳтарин”, инчунин, озмуни маводи беҳтарини телевизионӣ, радиоӣ ва матбуотӣ байни кормандони воситаҳои ахбори омма дар мавзуи «Ҳадафҳо ва дурнамо: Роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ” эълон гардида буд, дар чорабинии мазкур бо диплому ифтихорномаҳо, сертификатҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Қисмати дигари чорабинӣ аз барномаи фарҳангӣ ва зиёфати идона иборат буд. Ҳунармандон бо сурудҳои ватандӯстона хотири иштирокдоронро шод гардониданд.