Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот намуданд

14 March 20251 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо таваҷҷуҳ ба иҷрои тавофуқоти дар ҷараёни сафари давлатӣ ҳосилшуда дар соҳаи тиҷорату иқтисод баррасӣ гардид.

Доир ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетика ва сармоягузорӣ табодули муфассали афкор сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи махсус ба масоили таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои ояндадори саноат, ташкили намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар миёни минтақаҳо, бахусус маҳалҳои наздисарҳадӣ зоҳир карда шуд. Ба мавзӯи барқарорсозии хайтсайрҳои ҳавоии мусофиркашонӣ миёни шаҳрҳои ду кишвар диққати махсус дода шуд. Рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш аз масъалаҳои дигари суҳбат буд.

‹ All news
Link copied