Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Иштирок дар интихобот масъулияти шаҳрвандист

26 February 20251 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

Интихобот ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд.

Иштироки фаъолона дар интихобот нишон медиҳад, ки шаҳрвандон аз ҳадафҳо ва сиёсати кишвар огоҳ буда, барои рушди устувор масъулиятшинос ҳастанд.

Субҳи имрӯз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар доираи омодагиҳо ба интихоботи вакилони халқ, дар ҳудуди шаҳр аксияи таблиғотӣ таҳти унвони «ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ!» баргузор намуд.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ кормандони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуда, ба сокинони шаҳри Хуҷанд аҳамияти иштироки фаъолона дар интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро шарҳ дода, шаҳрвандонро барои иҷрои масъулияти шаҳрвандии худ истиқрори ояндаи давлат тавассути овоздиҳӣ даъват намуданд.

Ҳамчунин, дар суҳбат бо сокинон зарурати иштироки васеъ дар раванди сиёсӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими устувории ҷомеа зикр карда шуд.

Бо шиори «ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ!» даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як шаҳрванд барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳм гузорад. Ҳадаф аз баргузории чунин аксия ин даъвати сокинон ба интихоботи дар пешистода мебошад.

‹ All news
Link copied