Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид

14 February 20251 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки аъзои Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кормандони дигари масъули дастгоҳи марказии он ҷаласаи ғайринавбатии Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Барои баррасӣ ба рӯзномаи ҷаласа як масъала — интихоби раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ворид карда шуд. Тибқи талаботи Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо овоздиҳии аъзои Шурои генералӣ Маликшо Неъматзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон озод ва тариқи овоздиҳии якдилона Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид.

‹ All news
Link copied