Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба ятимони кул туҳфаҳо тақдим намуданд

14 October 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Маркази хизматрасонии навбунёди «Шоми Хоруғ», ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Шукурбек Шукурбеков ва Бахтиёр Шукурбеков бунёд гардидааст, бо ятимони кул суҳбат намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятими кул, ки аз парасториву меҳрубонии волидайн маҳрум мондаанд, либоси мактабӣ, маводи конселярӣ, шириниҳо ва кӯмаки пулӣ тақдим намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ятимон таҳти таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумат қарор дошта, барои онҳо шароиту имкониятҳои таҳсил ва кору зиндагии хубу шоиста то замони ба воя расиданашон фароҳам оварда мешавад.

‹ All news
Link copied