Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд

25 September 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд.

Зимнан масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва чанде аз мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд, аз ҷумла, ба рӯзномаи ҳамоиши сарони давлатҳо дар Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ, ки ба наздикӣ дар Қатар баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид

‹ All news
Link copied