Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Иттифоқ дар доираи ҳамкориҳо

23 September 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

Санаи 19 сентябри соли ҷорӣ дар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск, ҳайати меҳмонон бо сарварии муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск Киселев Алексей Михайлович ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Баъди пазироии гарму самимии мизбонон нимаи дуюми рӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят вохӯрӣ ва шиносоӣ бо раисони кумитаҳои соҳавӣ ва кормандони масъули дастгоҳи Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Леонидович Путин ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ва минтақаҳои он сол то сол инкишоф ва таҳким ёфта, дар бисёр самтҳои фаъолият ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, оид ба фаъолияти Иттифоқҳои касабаи вилоят маълумот пешниҳод намуд.

Дар робита ба ин муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск низ дар баромади худ бобати ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, нақшаҳои минбаъда ва ба иҷро расонидани Созишномаи ҳамкорӣ ибрози назар кард.

Дар фарҷом байни иштирокдорон табодули таҷриба ба миён омада, аз ҷониби меҳмонон ва роҳбарияти Шӯро туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Сипас меҳмонон бо фаъолияти Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, синфхонаҳои таълимӣ аз наздик ошно гардида, бо омӯзгорони марказҳои номбурда суҳбати озод намуданд.

‹ All news
Link copied