Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Бохтар. Семинари омӯзишӣ оид ба барҳам додани меҳнати вазнини кӯдак

30 August 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

Дар меҳмонхонаи «Левакант»-и шаҳри Бохтар семинари омӯзишӣ оид ба барҳам додани меҳнати вазнини кӯдак бо раисони ташкилотҳои иттифоқи касаба, ассосиатсияи волидон ва омӯзгорон, роҳбарони синфҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар дар доираи лоиҳаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат баргузор гардид.

Зикр гардид, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни иттифоқҳои касаба ва корфармоён, аз ҷумла оид ба меҳнати вазнини кӯдак назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷониби Тоҷикистон конвенсия ва тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст.

Дар семинари омӯзишӣ масъалаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар самти барҳам додани меҳнати вазнини кӯдак, шаклҳои вазнини меҳнати кӯдак, омилҳои барҳам додани он, нақши Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи маориф дар раванди барҳамдиҳии шаклҳои вазнини меҳнати кӯдак, ҳамкориии ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, ассосиатсияи волидон ва омӯзгорон, роҳбари синфҳо дар раванди пешгирӣ аз ҷалби кӯдакон ба меҳнати вазнин, нақши омӯзгор, ассосиатсияи волидону омӯзгорон, роҳбари синф муайян карда шуд. Оид ба масъалаҳои меҳнати вазнини кӯдак чорабиниҳои муштарак таҳия шуда, ба таври назарияву амалӣ истифода намудани он кори гурӯҳӣ ташкил карда шуд. Дар кори семинар Заррина Ализода, ҳамоҳангсози барномаҳои ЮНИСЕФ дар вилояти Хатлон, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ширкат намуда, дар анҷоми семинари омӯзишӣ ба иштирокчиёни семинар ҷиҳати пешгирӣ аз ҷалби кӯдакон ба меҳнати вазнин тавсияҳои ҳуқуқӣ ва методӣ дода шуд.

‹ All news
Link copied