Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, бо раисони ташкилотҳои иттифоқи касаба, ассосиатсияи волидон ва омӯзгорон, роҳбарони синфҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат семинари омӯзишӣ оид ба барҳам додани меҳнати вазнини кӯдак баргузор гардид.
Зикр гардид, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни иттифоқҳои касаба ва корфармоён, аз ҷумла оид ба меҳнати вазнини кӯдак назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷониби Тоҷикистон конвенсия ва тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст.
Дар семинари омӯзишҷ масъалаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар самти барҳам додани меҳнати вазнини кӯдак, шаклҳои вазнини меҳнати кӯдак, омилҳои барҳам додани он, нақши Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи маориф дар раванди барҳамдиҳии шаклҳои вазнини меҳнати кӯдак, ҳамкориии ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, ассосиатсияи волидон ва омӯзгорон, роҳбари синфҳо дар раванди пешгирӣ аз ҷалби кӯдакон ба меҳнати вазнин, нақши омӯзгор, ассосиатсияи волидону омӯзгорон, роҳбари синф муайян карда шуд. Оид ба масъалаҳои меҳнати вазнини кӯдак чорабиниҳои муштарак таҳия шуда, ба таври назарияву амалӣ истифода намудани он кори гурӯҳӣ ташкил карда шуд. Дар анҷоми семинари омӯзишӣ ба иштирокчиёни семинар ҷиҳати пешгирӣ аз ҷалби кӯдакон ба меҳнати вазнин тавсияҳои ҳуқуқҷ ва методҷ дода шуд.