Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Баргузории машғулияти навбатӣ

19 August 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

Санаи 15 августи соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд машғулияти навбатии мактаби захираи кадрҳои назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар машғулият мудири бахши тарбияи ватандӯстии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд – Фирдавс Фахриддинзода дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” ва муовини сартабиби Беморхонаи клиникавии шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд , номзади илмҳои тиб — Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна дар мавзуи “Нақши занон дар таҳким ва рушди иттифоқи касаба” баромад намуданд.

Баромадкунандагон оид ба дастовардҳои ҷавонон дар 33 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом ва манзалати занон дар ҷомеа, рушд ва таҳкими иттифоқи касаба суханронӣ намуданд. Шунавандагони курси мазкур доир ба ин мавзуъҳо фикру назари хешро иброз намуда, барои иштирок ва мулоқоти судманд изҳори сипос намуданд.

‹ All news
Link copied