Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ишкошим дастрас гардид

13 August 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим тавассути 20 мошини калони боркашонӣ маводи хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои сокинони аз офати табиӣ зарардида тамоми шароитро муҳайё намудааст. 13 оилае, ки хонаҳояшон пурра вайрон гардидааст, дар истироҳатгоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа қарор дошта, то сохтмони хонаҳои замонавӣ истиқомат мекунанд. Тавре қаблан хабар додем, дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии оби рӯдхонаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим 4 август дар ин деҳа сел омад. Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ даҳҳо хонаи истиқоматӣ, зиёда аз 4 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, боғоту замини кишоварзӣ ва дигар инфрасохтори деҳа хароб гардиданд.

‹ All news
Link copied