Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Рӯзҳои истироҳатӣ дар моҳи июн

13 June 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» — Рӯзи иди Қурбон — ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад, таҷлил карда шуда, рӯзи ғайрикорӣ муқаррар карда шудааст.

Имсол — 16 июн (якшанбе) — Иди Қурбон ҷашн гирифта шуда, рӯзи ғайрикорӣ дониста мешаванд.

Дар асоси қисми 1моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» муайян карда мешавад.

Қисми 5 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад. Бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки реҷаи 5 рӯзаи ҳафтаи корӣ доранд, 15 июн (шанбе); 16 июн (якшанбе- Рӯзи Иди Қурбон) ва 17 июн (душанбе) рӯзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешаванд.

‹ All news
Link copied