Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Семинар-машварати ҷумҳуриявӣ

6 June 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

Дар истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии “Шарора”-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар бобати омодагии истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистони соли 2024 бо кадрҳои роҳбарикунандаи омӯзгорӣ, аз ҷумла сарварони истироҳатгоҳҳо, кадрҳои педегогӣ, мураббиҳо, мутахассисони тиб, ошпазҳо, дастурдеҳони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш семинар-машварати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандони масъули Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кумитаҳои ҳамузв, масъулони Вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

‹ All news
Link copied