Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Баргузории мусобиқаи варзишӣ ба муносибати Рӯзи Байналмилалии ҳифзи кӯдакон — 1 июн

3 June 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

Ҳамасола якуми июн дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат бо ташаббуси Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тарбиятгирандагони «Мактаби варзишии ҷавонон ва наврасони иттифоқи касаба» мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди футболи хурд баргузор гардид. Зимни тақдими мукофотҳо ба наврасон таъкид гардид, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти кӯдакони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.

‹ All news
Link copied