Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар амал

29 May 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

Имрӯз дар Федератсияи иттифоќӣои касабаи мустаќили Тоғикистон тибқи нақшаи кори Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими Федератсия чорабинӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии талаботи моддаи 7 (ҷашнҳои расмӣ) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар ҷамъомад кормандони дастгоҳи марказии Федератсия ва кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқҳои касаба иштирок намуданд.

Қаблан муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи муттасили қонуни мазкур дар ҷомеа ва ҳамчунин бобати ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ дар ҷашну маросимҳо сухан ронд. Сониян дар назди ҳозирин Самизода Ҳамро – узви комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими Федератсия, раиси Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ баромад карда, талаботи моддаи 7 (ҷашнҳои расмӣ) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро мавриди тавзеҳ қарор дод.

‹ All news
Link copied