Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

23 May 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку — пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, роҳрав бо қолини сабз густурда шуд ва аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид

‹ All news
Link copied