Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Ҷаласаи v Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои осиёи марказӣ

15 May 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

13 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Котиби генералии Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ Маликшо Неъматзода ҷаласаи панҷуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар маросими оғози ҷаласаи Шӯро Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласа барор таманно намуд.

Дар кори ҷаласаи Шӯро раисони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва ҳайати Ташкилоти байналмилалии меҳнат иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ соли 2021 бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон таъсис дода шуда, баъдан ҷониби Қирғизистон ва Муғулистон ба ҳайати Шӯро ворид шуданд.

‹ All news
Link copied