Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд

4 May 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 май, дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд. Тоҷикистонро дар ин рӯз 14 ҷудочӣ муаррифӣ намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

‹ All news
Link copied