Дар раванди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд, 1-Май санаи рамзӣ ва таҷасумгари ҳамрайъӣ ва якдилӣ маҳсуб меёбад.
Дар пайравӣ ба ташабусҳои байналмилалӣ, бо арҷгузорӣ ба аҳли меҳнат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дар кишвари мо 1-Май ҳамчун Рӯзи байналмилаллии якдилии меҳнакашон таҷлил карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-Май дар як фазои баланди сиёсию ҷамъиятӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бо қаноатмандӣ иброз мегардад, ки фароҳам овардани фазои муносиб барои меҳнати арзанда, бехатарии меҳнат, таъсиси ташкилоту корхонаҳо, ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави кории доимӣ ва мавсимӣ, коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандону аъзои оилаи онҳо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин тадбирҳо боиси руҳбаландии аҳли заҳмат арзёбӣ мегардад.
Яке аз масъалаҳои воқеии инсоният имрӯз бо ҷои кори арзанда таъмин будан мебошад. Вале аз лиҳози шароити бехатарии меҳнат ва кафолати иҷтимоии кормандон, мавҷудияти ҷои кор ҳам наметавонад манбаи эътимоднок ва кафолатноки беҳбудии зиндагӣ бошад.
Масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон аз зумраи вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд. Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот боиси осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон роҳбарони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва корфармоёни ҷумҳуриро даъват менамояд, ки рӯзи 1-Майи соли 2024-ро ҳамчун Рӯзи якдилии умумиҷаҳонии меҳнаткашон дар фазои якдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, дӯстию бародарӣ истиқбол гиранд.
1-Май — Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашони ҷаҳон, муборак ҳамватанони азиз.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
