Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Дар Душанбе Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд

5 March 20241 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баргузор гардид. Қайд кардан лозим аст, ки 30 декабри соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №591 Созишномаи генералӣ маъқул донитса шуд.

Созишномаи генералӣ бо мувофиқаи тарафҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон: Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон: иҷрокунандаи вазифаи Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Айёмбек Акрамзода ба имзо расонида шуд.

‹ All news
Link copied