Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ғолиби Чемпионати CAFA-2025 гардид

2 June 20251 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ғолиб гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дастаи мунтахаби наврасони мамлакат дар гурӯҳи «В» бар тимҳои Туркманистон (4:1) ва Афғонистон (3:0) пирӯз шуда, аз мақоми аввал ба финали ин мусобиқа баромад.

Дар бозии ҳалкунанда дастаи Тоҷикистон дар қувваозмоии шадид бар тими Узбекистон бо ҳисоби 4:3 ғалаба намуд. Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони мамлакат таҳти роҳбарии Далер Каёсов маротибаи сеюм ғолиби мусобиқаи CAFA мегардад. Қаблан ин даста бо тими наврасон дар солҳои 2022 ва 2023 низ ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардид.

‹ All news
Link copied