Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф мулоқот намуданд

30 May 20251 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, ки бо сафари расмӣ ва бо мақсади иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо аз раванди рӯ ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва алоқаманди рушди минбаъдаи онҳо ҳастем.

Ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, ҳамлу нақли байналмилалӣ, илмиву фанновариҳо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар бахшҳо аз масъалаҳои муҳими суҳбат буд.

Таъкид гардид, ки дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба робитаҳои байнипарлумонӣ нақши бориз доранд.

Алоқамандии ду кишвар ба тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ таъкид карда шуд. Дар ин зимн дар доираи созмонҳои мазкур таҷрибаи пуштибонӣ аз ташаббусҳои ҳамдигар баланд арзёбӣ гардид.

‹ All news
Link copied