Federation of Independent

Trade Unions of Tajikistan

National unity and protection of workers' rights
Federation emblem

Маросими гусели сарони давлатҳои Қирғизистон ва Узбекистон

1 April 20251 min read
The full text of this news item is available in Tajik.

ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 31 март пас аз иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳои Қирғизистону Узбекистон муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Хуҷанд баргаштанд.

Маросими гусели меҳмонон ба монанди маросими истиқбол ботантана ва пуршукуҳ ҷараён гирифт. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона гусел намуданд.

‹ All news
Link copied